Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Хислатҳои чеҳраи зебо аз нигоҳи Умари Хайём — рӯзро бароят болида - мегардонад, ҳаловати маънавии зиндагӣ медиҳад, инсонро дилкушоду некхоҳ мекунад, боигариро зиёд мегардонад.

  2. Шитобкорӣ аз нигоҳи Бузургмеҳр — шитобзадагӣ аз сабуксӯрӣ бошад, шитобкор пайваста пушаймону ғамнок бошад. Ва шитобзада, ҳамеша андар сарзаниш бошад ва ҳар замон тавба мекунаду узр мехоҳад ва маломат мешунавад.

  3. Ҳунармандӣ аз нигоҳи Суқрот — ҳеҷ ганче беҳтар аз ҳунар нест ва ҳеҷ душмане бадтар аз хӯи бад нест ва ҳеҷ чизе бузургвортар аз дониш нест ва ҳеҷ пирояе беҳтар аз шарм нест.

  4. Панҷҳои Анушервони Одил — то рӯзу шаб оянда ва раванда аз аз гардиши ҳолҳо шигифт мадор. Агар хоҳӣ, ки мардум туро некхоҳ гӯянд, некӯгӯи мардумон бош. Агар хоҳӣ, ки камдӯст набошӣ, кина мадор. Агар хоҳӣ, ки қадри ту ба ҷои бошад, қадри мардумон ба некӣ бишумор.

  5. Низомии Ганҷавӣ оиди ҳаводиси олам ва инқилоби умри он — ЯК нафас, эй ҳоҷаи доманкашон, Остине бар ҳама олам фишон.
    Давлати дунё, ки таманно кунад, Бо кӣ вафо кард, ки бо мо кунад.

  6. Нигоҳи Саъдии Шерозӣ ба шогирдони ноҷавонмарду нопокзодагон:
    Саъдиё, Шерозиё, таълим мадеҳ бадзодро, Бадзод агар доно шавад, санге занад устодро.
    ***** Ҳунар ба чашми адоват бузургтар айб аст, Хато бувад, ки набинанд рӯи зеборо.

  7. Нигоҳи Мавлоно Ҷалолудини Румӣ андар интихоби дӯст ва корманди даста — Ошнои (й) ақл бо ақл аз Сафо, Чун шавад дар ҳам фузун бошад вило.
    Гар нахоҳӣ дӯстро фардо нафир, Дӯстӣ бо оқилу бо ақл гир.

  8. Одаму одамгарӣ аз нигоҳи Амир Хусрави Деҳлавӣ —

пешина
аз 463
навбатӣ