Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
-
Асосгузори тамаддуни Ориёи — Тӯрониён мебошанд. Кӯлоб ва Ҳулбук, шаҳрҳои қадимтарин ва зеботарини Бохтари бузург маҳсуб меёбанд.
-
Дини авлодин мардуми ориёинажод — «Худошиносӣ» ва барои онҳо Худо ҳокими ягонаи олам буда, замину осмонро пурра мегардонад, ҳаёт мебахшад, нерӯдиҳанда мебошад.
-
Фаризаи муҳими подшоҳони Ҳаҳоманишин — адолатхоҳӣ, инсондӯстию инсонпарастӣ, адолати шоҳро ҳамчун тарозуи тамоми фаъолиятҳо қарор дода, кӯшиш бар он мекарданд, ки дар он тарозу нуқсон пайдо нагардад, вагарна мулк вайрон мешавад.
-
Мафҳуми давлат дар фаҳмиши Тӯрониён — сарпаноҳ ва ҳидояткунандаи роҳи ҳақиқати инсонӣ.
-
Маҷлиси меҳргон — дар замони Ашкониён ташкил карда шуда, аз ду маҷлис иборат буд. 1. Аз раисон, пешвоёни ашроф ва аҳли рӯҳониён. 2. Аъзоёни калонсоли хонадони султонӣ интихоб мешуданд, ки онҳоро маҷлиси санно низ мегуфтанд.
-
Хусусияти хоси шоҳони Форс — рӯзи Наврӯз ба назди мардум баромада арзу доди онҳоро гӯш мекарданд. Ба шахсоне, ки ягон навоварӣ мекарданд, тӯҳфаҳо ва мукофоти пулӣ медоданд.
-
Хусусияти хоси подшоҳии Анӯшервони Одил — таълимот оид ба рушди башарӣ, ки ҳамчун қувваи тавоно ва нодир будани қобилияти зеҳнии инсонҳо ва талқини инсони адолатхоҳу накӯкору инсондӯст боқӣ мондааст.
-
Насиҳати Унсурмаолии Кайковус ба писараш оид ба роҳбарӣ — бидон эй писар. Агар дабир бошӣ, бояд ба сухан гуфтан қодир бошӣ ва хат некӯ дорӣ ва таҷовуз кардан дар хат накунӣ ва ба бисёр навиштан одат кунӣ, то моҳир шавӣ.
-
Бартарияти донишмандон дар назди подшоҳони Форс — оид ба қабули олимону донишмандон тартиботи дигар роиҷ буд, яъне онҳо дар назди шоҳон замин намебӯсиданд ва амир ба назди онҳо омада вохӯрӣ ва арзи онҳоро гӯш мекарданд.
-
Таваҷҷӯҳи дигари таърихии миллати тоҷик — таваҷҷӯҳи хос доштан ба китоб ва китобнависию доштани китобхонаҳои бузург. Дар даргоҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор