Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

тақсими дурусти вазифаҳо, масъалагузории дуруст барои ҳар як корманд, ташкили ҳисоботдиҳии фардӣ, диққатро ба муваффақиятҳо равона кардан, меҳнати ҳар як кормандро дар муваффақиятҳо баҳо додан, дурбинӣ, дурандешӣ.

  1. Намудҳои ҳавасмандии гурӯҳ — зиёд кардани маош, мукофотпулӣ ва иловаҳою туҳфаҳо, ҳаққи иловагӣ аз ҳисоби фоида, соҳиби саҳмия шудани кормандон, ба вазифаи баландтар гузаронидан.

  2. Талаботҳои гузаронидани маҷлис — масъалагузории дуруст ва зарурияти он, даъвати шахсони дахлдори масъалаҳои ба миён гузошта, тасдиқ ва пешниҳоди рӯзнома ва лоиҳаҳои қарор, муҳокимаронии аниқу холисона, халал нарасонидани маҷлис ба ҷараёни кор, истифодаи дурусти вақт, қабули қарори мақсаднок.

  3. Талаботҳои ноил гаштан ба боварӣ — ваъдаро вафо кунед, дар ғайби одамон сухан нагӯед, зердастонро аз масъалаҳои ба онҳо дахлдор хабардор намоед, адолатпараст бошед, аз кӯмаки зердастон даст накашед, ростқавлу қавиирода бошед, аз аҳволи кормандон доимо бохабар бошед.

  4. Нишони намунавии сарвар — ҳамкорӣ карда тавонистан, кушодарӯй будан, қувваи баланди зеҳнию ҷисмонӣ доштан, далерӣ дар вақти ҳалли масъала, якдигарфаҳмӣ ва хештаншиносӣ.

  5. Омилҳои рафтории менеҷерон — муҳит, эҳсосот, симои зоҳирӣ дар вохӯрӣ, вақти ҳозир шудан ба мулоқот, тарзи суҳбат, боварӣ ва боваркунонӣ, донишмандии касбӣ.

  6. Хусусияти пешвои ҳирадманд — барои ояндаи корхона ҳавасманд аст, дар асоси нақшаи стратегӣ амал мекунад, ояндаро пешбинӣ менамояд, аз рӯи қоидаи - чӣ бояд кард? фаъолият менамояд, дар ҳукмронӣ ба дигар кас бовар мекунад, фаъолиятро содда менамояд, ба донишу хирадмандӣ такя дорад, фаҳмиши васеи ҷаҳонбинӣ ва хештаншиносӣ дорад.

  7. Омили бурди корхона - 75% аз пешвоён ва захираҳои башарӣ ва 25% аз дигар захираҳо вобаста аст.

  8. Се вазифаи асосии инкишоф - инкишоф аз ҳисоби зиёд шудани сармоягузорӣ, мустаҳкам шудани рақобатнокии ташкилот, бартарияти ташкили илмии меҳнат.

пешина
аз 463
навбатӣ