Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. Зарурияти фаъолияти бурунмарзӣ - имкони ташкили фаъолияти самараноки соҳибкорӣ, гуногунии пойгоҳи захиравии давлатҳо, фарқияти қувваи корӣ, мавҷудияти бозори мол, инкишофи соҳаҳои хизматрасонӣ, фаъолияти муштарак.

  2. Имконоти фаъолияти байналхалқӣ - глобализатсияи иқтисодӣ, ташкили системаи ягонаи ҷаҳонӣ, минтақавии молиявию қарзӣ, ташкили ягонаи ҷаҳонии тиҷорат, ҳавасмандии аксари давлатҳо барои фаъолияти муштарак, инкишофи босуръати Интернет.

  3. Монеаҳои асосии ҳамкории байналхалқӣ - фарқияти пойгоҳҳои ҳуқуқии соҳибкорӣ дар байни давлатҳо, маҳдудияти ивази пулҳои миллӣ, нооромии сиёсӣ ва иқтисодӣ, фарқияти стандартҳои давлатии сифати мол, монеаҳои гумрукӣ, маҳдудияти забонӣ.

  4. Гурӯҳбандии давлатҳо вобаста аз дараҷаи инкишофи ҳамкорӣ - мамлакатҳои инкишофёфта, мамлакатҳои имкондошта, давлатҳои дорои маҳсулоти кишоварзӣ, мамлакатҳои сарватманд, мамолики қашшоқ.

  5. Ҳолати сиёсии иқтисодии давлатҳо - устувории сиёсӣ, мувозинати воридоту содирот, маҳдудиятҳои миллӣ, забонӣ, дараҷаи зиндагии мардум, сиёсати арзи хориҷӣ, сиёсати давлат оиди савдои хориҷӣ.

  6. Технологияи гузаронидани фаъолияти бурунмарзии корхона - силсилаи сифрӣ ва маслаҳати пешакии ҳамкорӣ, бастани шартнома, таъмини иҷрои шартнома, бор кардани бор ва кашонидани он, ҳисоббаробаркуниҳо.

  7. Намуди сармоягузории хориҷӣ - пасандозҳо, қоғазҳои қимматнок, маҳсулоти илмӣ - техникӣ, моликияти зеҳнӣ ва ғ.

  8. Ба ҳайси сармоягузори хориҷӣ баромад менамоянд - шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони инфиродӣ, давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ.

  9. Вазифаҳои асосии хизматҳои гумрукӣ - риояи қонуни гумрукӣ, гузаронидани тафтиши гумрукӣ, мубориза бар зидди қочоқкорӣ, мусодираи молҳои ғайриқонунӣ, баҳисобгирии молҳои воридотӣ ва содиротӣ.

  10. Шаклҳои пардохти гумрукӣ - боҷи гумрукӣ, ахбор ва додани литсензия, аксизҳо, андоз аз арзиш, андози гумрукӣ.

пешина
аз 463
навбатӣ