Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Таклифоти бозор — имконоти пешниҳоди моли муайянро бо нархи муайян, дар вақти муайян меноманд.

  2. Панҷ шарти мубодилаи мол — мавҷудияти ақаллан ду тараф, моли мубодилавӣ аз ҳарду ҷониб, ризояти дутарафа, озодии мубодила, зарурати мубодиларо қабул кардани ҳарду тараф.

  3. Рақобати маркетингинӣ — муборизаро барои бозори молҳои якранги корхонаҳо бо мақсади ҳарчӣ зиёд фурӯхтани мол меноманд.

  4. Дараҷаи рақобат — рақобати тамғаи савдо, соҳавӣ, расмӣ, бавосита.

  5. Консепсияи рақобатноки маркетингинӣ — истеҳсолӣ, молӣ, нишонагирӣ ба фурӯш, маркетингинӣ, масъулияти иҷтимоӣ.

  6. Арзишҳое, ки истеъмолкунанда дарк мекунад — арзишҳои умумӣ, арзиши мол, арзиши хизматҳо, арзиши ҳайат, арзиши эътибор, хароҷотҳои умумии истеъмолкунанда, хароҷоти пулӣ, хароҷоти вақт, нерӯ ва ҳиссӣ.

  7. Функсияи маркетинг — омӯзиши бозор, омӯзиши фурӯши мол, омӯзиши хизматрасонӣ, омӯзиши хоҳиши истеъмолкунанда.

  8. Майдони рақобатҳои маркетингӣ — саноатӣ, мол ва равияи фаъолият, мувофиқатӣ, сегментҳои бозор, уфуқӣ ва географӣ.

  9. Сарчашмаҳои таҳлили маркетингӣ — системаи ахбори дохилаи маркетингӣ, силсилаи фармоиши пардохт, системаи назорати фурӯш, системаи мушоҳидаи маркетингӣ, системаи тадқиқоти маркетингӣ.

  10. Давраҳои тадқиқоти маркетингӣ — масъалагузорӣ, таҳлили ахборот, коркарди тадқиқот, амалигардонӣ, натиҷагирӣ.

  11. Қудрати бозорӣ — дараҷае, ки талабот ба он дар шароити хароҷотҳои бемайлони маркетингӣ дар муҳити бозорӣ амал мекунад.

  12. Ояндабинии фурӯши мол — ҳаҷми фурӯши моли ташкилот дар оянда дар асоси гуногунии бозор ва нақшаи маркетингӣ муайян шудааст.

  13. Муҳити маркетингӣ — демографӣ, табиӣ, иқтисодӣ, технологӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ.

  14. Омилҳое, ки рафтори харидорони алоҳидаро муайян мекунанд — маданӣ, иҷтимоӣ, оилавӣ, шахсиятҳо, тарзи фаъолият, давраи ҳаётӣ, рӯҳӣ, тарзи зиндагӣ.

пешина
аз 463
навбатӣ