Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. Усули банақшагирии буҷавӣ — моддӣ, молӣ, арзишӣ, меҳнатӣ, буҷавӣ, меъёрӣ, риёзӣ, ҷадвалӣ.

  2. Унсурҳои банақшагирии менеҷмент — ояндабинии инкишофи корхона, вазифаҳо ва мақсадҳои ҷорӣ, механизми ҳамоҳангсозӣ на тақсимоти дурусти захираҳо.

  3. Қоидаҳои асосии банақшагирӣ — иштироки аксари кормандон дар тартиб додани нақша, бефосилагии нақшаҳо, ёзандагии нақша, ҳамоҳангсозӣ, сарфакорӣ, ташкилӣ ва навоварӣ.

  4. Равандҳои концептуалии инкишофи менеҷмент — суръати афзоиш, интихоби доираи фаъолият, истеҳсоли моли нав, мавқеи корхона дар бозор, фоиданокии фаъолият, навоварӣ ва эҷодкориҳо, афзоиши фурӯши мол.

  5. Шаклҳои банақшагирии стратегӣ — ҷамъбастӣ, функционалӣ, иқтидорӣ.

  6. Барномаҳои комплексии мақсаднок (БКМ) — барои ҳалли масоили ояндаи стратегии байнифункционалӣ тартиб дода мешаванд.

  7. Унсурҳои барномаҳои мақсаднок — масъалагузорӣ, мақсадгузорӣ, ҷамъбаст.

  8. Бизнес-нақша — асосан, ба мӯҳлатҳои 3-5 сол, дар ҳолати ташкили корхона, ё худ тағйироти куллӣ дар фаъолияти менеҷмент тартиб дода мешавад.

  9. Мақсади асосии бизнес-нақша — ба талаботи бозор равона сохтани фаъолияти хоҷагидории корхона, имконоти ба даст овардани захираҳои зарурӣ, муайян кардани намуди аниқи захираҳо, бозор ва беҳтар кардани ҳолати молиявии корхона мебошад.

  10. Иқтидори корхона — ҳаҷм ва ҳолати воқеии сармоя, саҳмияҳо, кормандон, дараҷаи хӯрдашавии бино, таҷҳизот, воситаҳои техникӣ, захираҳои моддиро меноманд.

  11. Хусусияти бизнес-нақша — оғози фаъолияти нав за гирифтани фоидаи иловагӣ, ташаккули як раванди соҳибкорӣ буда, барои мӯҳлати муайяни бамақсадрасӣ бо иштироки соҳибкорони ботаҷриба тартиб дода мешавад ва дар он равияи функционалӣ бартарият дошта, комплексӣ мебошад.

пешина
аз 463
навбатӣ