Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Ҳар қадар дар давлатдорӣ ва роҳбарии зинаҳои гуногуни идоравии давлатию ғайридавлатӣ сафи роҳбарони хирадманд ва донишманду қобилиятнок пайдо гардад, онҳо низоми дохилаи поки инсониро, ки худ соҳиб гаштаанд, бо роҳи ҳокимиятдорӣ ба ҷомеа дода метавонанд. Пас, мо ташаккули ҷомеаи солимро баланд бардошта, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ метавонем Тоҷикистонро дар қатори дигар давлатҳои пешқадами дунё муаррифӣ намоем.
Мафҳуми дигари қобилият сарфакорӣ ва ё худ низом аст, яъне агар қобилият табиӣ бошад, пас дар ин шахс низоми табиии истифодаи захираҳо ва ҳаракатҳои бонизоми табииро дидан мумкин аст. Худи системаи давлатдорӣ низ низом аст. Шахсе ки соҳиби низоми баланди табиӣ мебошад, метавонад дар фаъолияти роҳбарии идоравии давлатӣ аз он истифода карда, ҷомеаи солим тавлид созад.
Бояд гуфт, ки ин талаботҳои дастгирии истеъдодҳоро ҳанӯз подшоҳону амирони тоҷик аз замонҳои хеле қадим сармашқи кори худ карда омадаанд. Муносибати ғамхорона ва дастгирии қобилият бояд раванди асосии давлатдорӣ гардида, истеъдод дар навбати худ ҳамчун воситаи асосии амалигардонии низоми олии давлатдорӣ истифода карда шавад. Намояндагони мақомоти давлатӣ ҳамчун банизомдароваранда ва мубодилакорони қобилиятҳо хизмат карда, ҳамон вақт аз уҳдаи кори худ баромада метавонанд, ки худ имконоти баланди зеҳниро дошта бошанд ва шоҳроҳи рафтори роҳбарӣ ва хештаншиносии роҳбариро пешво намоянд.
Меҳнатро ҳамчун роҳи амалигардонии қобилият шинохта, ҳар як соҳибкасб бояд меҳнат карданро чунон аз худ намояд, ки дар он инъикоси қобилияти ҳунармандии ӯ баръало намоён бошад. Дар натиҷа, мо як низоми муайяни меҳнатро, яъне маданияти меҳнатиро соҳиб гашта, худро дар роҳи хештаншиносӣ ва рушди босубот наздик менамоем.
Аз тарафи дигар, институти давлатии дастгирии истеъдодҳо ва рушди босубот ҳамчун боигарии мадании халқу миллат баҳо дода мешавад. Пас, ин институти идораи давлатӣ бояд дар ҳақиқат инъикоскунандаи маданияти миллӣ гардад.
Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки чӣ ташаккули истеъдодҳо ва чӣ ташаккули идораи давлатӣ мақсади олии инкишофи маданияти миллиро доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор