Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Пас, давлат барои тарбия ва дастгирии ҳаматарафаи чунин шахсиятҳо бояд пурра ҳавасманд буда, новобаста ба ҳолат ва вазъият, олиму донишмандонро дастгирии ҳаматарафа намуда, барои рушди босуботи давлатдории хеш заминаи тайёр намояд. Дар акси ҳол давлатдорӣ пойдор намонда, дар як муддати кӯтоҳ эҳтимоли аз байн рафтан дорад, чунки агар аз як тараф, донишманд ин инкишофи дохилаи ҳар як фард бошад, аз тарафи дигар, ин инкишофи иҷтимоии ҷомеа буда, таъсири олиму донишманд ва таълимоти ӯ садҳо маротиба аз таъсири ҳавасмандӣи молу мулкӣ баланд буда, даҳҳо ҳазор насл ба халқу миллати хеш хизмат хоҳад кард.
Бо назардошти он ки аксари аҳолӣ одамони табиатан дорои қобилияти зеҳнии миёна мебошанд, зарурати тарбия ва дастгирии давлатии қобилиятҳо шарти зарурии давлатдорӣ мебошад. Дар баробари ин, мо бояд донем, ки дар ҷомеа нест инсоне, ки ягон хислати хуб надошта бошад. Ҳар як инсон табиатан, барои шуғле офарида шуда, Худованд ба ӯ дар он соҳа аз дигарон дида барбориятсро додааст, яъне кишоварз қобилият ва фаҳмиши заминдорию чорводориро дорад, наққош наққоширо ва афсар дар соҳаи ҳарбӣ, олим дар кашфу эҷод кардан ва ғ. соҳибмаҳоратанд. Пас, вазифаи асосии дастгирии давлатӣ ва роҳбарони хештаншинос пеш аз ҳама, дарёфтан, ташаккул додан ва дар роҳбарӣ истифода бурдани ҳамон хислати беҳтарини табиии касбии инсон мебошад. Оиди талаботҳои тайёрӣ ва санъати касбӣ мо дар китоби 3 — юми менеҷмент пурра гуфта гузаштаем.
Қобилияти касбӣ дар ҳама давру замон ҳамчун воситаи асосии таъмини некуаҳволии мардум ҳисобида мешавад, яъне дар асл қобилияти табиӣ доштани одам ин маънои умумӣ будани қобилиятро дошта, шахси ҳунарманд на танҳо азони худаш, балки моликияти тамоми мардум аст. Аз тарафи дигар, ин боигарии давлату миллат мебошад. Аз ин нуқтаи назар, давлат бояд барои ташаккули қобилиятҳо ва дастгирию таъмини фаъолияти мардуми қобилиятдору донишманд шароит муҳайё кунад, на ҳунарманду донишмандро аз худ дур сохта, кӯркурона ва бесаводона роҳбарӣ намояд. Чунин рафтори роҳбарӣ ба талаботҳои хештаншиносии роҳбарӣ ҷавобгӯ набуда, оқибат ба шикасти давлат ва ё аз байн рафтани менеҷменти корхона оварда мерасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор