Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Дунёи роҳбариро ҳамчун дунёи банизомдорой ва мувофиқакунонӣ ба олам шинохта, асоси таълимоти идораи давлатӣ қарор диҳад.
Мақсади асосии роҳбарӣ ёфта гирифтани нуқтаи мувофиқа ва нигоҳдории мувозинати қувваҳо бо мақсади беҳтар кардани некӯаҳволии одамон мебошад.
Дар шароити мураккабу мушкили имрӯзаи инкишофи иқтисодии Тоҷикистон ва таъсири баланди маданияти хоҷагидории давлатҳои гуногуни дунё ташкили чунин системаи давлатдорӣ ва роҳбарӣ мушкилу мураккаб аст. Ба ин нигоҳ накарда, мувофиқ ба талаботҳои Сарқонуни мамлакат роҳбарияти Тоҷикистон, ҳаракати созмони давлати ҳуқуқбунёди дунявиро доранд, ки албатта, озодии қобилият, яке аз он ҳадафҳо ва арзишҳои давлати миллӣ маҳсуб меёбад.
Ҳар як давру замон боз донишмандону олимонеро ба майдон меорад, ки боз барои худ дарҳои навини хештаншиносии роҳбариро кушода, онҳоро ташаккул медиҳанд, асарҳо эҷод ва ба ҷамъият пешниҳод менамоянд. Банда низ, ҳаракат ба он намудаем, ки диққати одамонро ба ганҷинаи бузурги ақлонии роҳбарии миллати тоҷик равона сохта, дар ташаккули муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ дар мамлакат заррае ҳам бошад, саҳмгузор гардем.
Асоси ҷаҳонбинии донишмандону давлатдорони тоҷикро дар ҳама давру замон «Мавқеъгузории баланди одам дар ҷамъият» ташкил дода, ҳамчун «мавҷудоти Олӣ дар байни Замину Осмон» баҳогузорӣ мешавад.
Хирадмандонро дар ҳама давру замони ҷомеаи башарӣ, ҳамчун пайвандгари фаҳмиши ақлонӣ Осмонӣ бо Замин эҳтиром намуда, таъмингарони мувозинати инкишофи башарӣ ва табиату Осмонҳо номидаанд.
Вобаста аз таълимоти мутафаккирони бузурги миллати тоҷик, қобилияти илоҳии зеҳнии инсон имкон дорад, имрӯзаро дарк намуда, ояндаро мувофиқи ақлу фаҳмиш ва қудрати зеҳнии худ шиносад. Суръати фикрронӣ ва дарки масоили оянда аз зинаи хештаншиносии ӯ вобаста буда, ҳар қадар сармояи зеҳнии худро инкишоф диҳад, ҳамон қадар имкону қудрати ҷаҳонбинӣ ва ояндабинии ӯ васеъ гашта, кафили таъмини «зиндагонии хуб» мегардад. Дар ин нуқта мақсади давлат низ ҳамроҳ мегардад ва ин талабот роҳбарони ҳукуматиро водор месозад, ки бевосита инкишофи хештаншиносии роҳбариро дар ҳама зинаҳо ва ҳама

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор