Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
зарӯрӣ ба ҳисоб мерафт ва аз ташкили тарзи дурусти давлатдорӣ ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҷамъият вобастагии калон дошт.
Барои ташкили аморати идорӣ дар дарборҳои подшоҳӣ донишмандону ҳунармандон, наққошон, меъморон ва олимону хирадмандони соҳаҳои гуногуни иқтисодию ҷамъ оварда, системаи намунавии рафторӣ ва меъёрҳои қонуниятҳои хештаншиносии роҳбариро тартиб медоданд, ки мо дар бораи онҳо аллакай гуфта гузаштаем.
Ҳанӯз, дар ҳазорсолаҳои пеш аз мелодии инкишофи башарӣ дар системаи давлатдории тоҷикон қобилиятнокӣ ва истеъдоди зеҳнии кормандон баҳои баланд дода шуда, ягона ченаки ҷалб кардан ба дарбори шоҳӣ ба ҳисоб мерафт. Бо чунин меъёрҳо давлат ҳамчун танзимкунандаи ҳаёти ҷамъиятӣ баромад карда, барои тамоми одамоне, ки қобилияти баланди илоҳии эҷодӣ доштанд, шароит муҳайё месохтанд. Қобилият, истеъдод дар баробари дигар захираҳои табиию молӣ, ҳамчун қисми таркибӣ ва хазинаи бепоёни захираҳои давлатӣ ҳисоб ёфта, мақсаднокии истифодабарии онро давлат ба ӯҳда дошт.
Яке аз равандҳои назариявии омӯзиш ва тадқиқотҳои илмии давлатӣ ин омӯзиши табиати одам буда, хештаншиносӣ пайваста дар маркази омӯзиш қарор дошт. Оид ба ин равандҳо мо аз осори бузурги ниёгонамон, ки дар бобҳои 43 — 44-уми китобамон овардаем, огоҳ ҳастем. Бартарияти идоравии давлат дар он зоҳир мегардид, ки қобилиятҳо бевосита дар идораи давлат истифода шуда, инкишоф меёфтанд ва манфиати калони ҷамъиятӣ ба даст меоваранд. Чуноне ки аз зиндагиномаи донишмандони бузург маълум мегардад, аксари онҳо дар дарборҳои подшоҳӣ кору фаъолият дошта, бо таълифи шоҳномаҳо, хирадномаҳо ва дигар асарҳои тарбиявии роҳбарӣ дар ҷараёни хештаншиносии амирону подшоҳон ва роҳбарони зинаҳои гуногуни давлатӣ мақоми баланд гузоштаанд.
Масалан, «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ва ё «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ аз ҷумлаи шоҳасарҳое мебошанд, ки фаҳмиши баланди фалсафии хештаншиносӣ буда, инсонро фақат бо роҳи ақлонии расидан ба мақсадҳои олӣ ҳидоят менамоянд. Шахсе, ки дар вазифаи роҳбарӣ фаъолият менамояд, бояд аввал аз худ огоҳ бошад ва ин нишонаро дар дигарон низ пайдо карда тавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор