Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

58.3. Экологикунонии рушди иқтисодӣ ва хештаншиносии роҳбарӣ

Дар шароити номувозинатии рушди босуботи иқтисодӣ ва экологӣ дар менеҷменти корхонаҳо, аз он ҷумла дар соҳаи агросаноатӣ, дар миқёси мамлакат ва хоҷагиҳои алоҳида зарурати коркарди қоидаҳои навини муносибатҳои истеҳсолӣ ва роҳбарӣ ба миён омадаанд. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар 10 — 15 соли охир нишонаи он аст, ки ин соҳа рӯ ба пастшавӣ овардааст. Аз тарафи дигар, таъсири зиёди антропогенӣ ба муҳити зист ва сарватҳои табиӣ дида мешавад. Системаи экологӣ ба монанди паст гаштани сифати табиии заминҳои кишти маҳсулотҳои кишоварзӣ хеле хароб гаштааст. Вобаста аз ин сифати маҳсулоти кишоварзӣ, ифлосшавии обҳои нӯшокӣ, аз он ҷумла обҳои зеризаминӣ, пастшавии ҳосилнокии меҳнати деҳқонон, зиёдшавии дараҷаи бемории аҳолӣ, аз он ҷумла кӯдакон ба назар мерасад, ки бевосита ба вайроншавии муҳити экологӣ вобастагӣ доранд.

Дар илми менеҷмент исбот карда шудааст, ки истифодаи сарватҳои табиӣ то ба ҳол ба мақсад мувофиқ намебошад. Бояд чунин роҳу тарзи хоҷагидорӣ ва роҳбариеро интихоб намуд, ки ба муҳити атроф таъсири манфӣ нарасонида, балки онро пурра дар ҳолати табиӣ нигоҳ дошта, ҳатто беҳтар созад. Албатта, барои ҳалли пурраи ин масоил вақти зиёде лозим аст, аммо ҳолати ба миён омада ҳалли фаврӣ ва қатъиро тақозо менамояд, чунки қафо партофтани ҳалли ин масоил хароҷоти 10 — 20 каратаро талаб карда, метавонад ҳодисаҳои бузурги зарароварро барои тамоми мардуми тоҷик ба миён оварад.

Роҳи табиӣ ва захиравии роҳбарӣ ва хоҷагидорӣ, яъне экологикунонӣ, аллакай, дар ҷаҳони пешқадами дунё дар аввали солҳои 80-уми асри гузашта масъалагузорӣ шуда, дар айни замон дар аксари ҷаҳони пешқадам ҳалли худро ба пуррагӣ ёфтааст.

Заррурати ҷорӣ кардани қоидаҳои экологикунонии инкишофи иқтисодӣ ва роҳбарӣ талаботи иқтисодию иҷтимоӣ буда, раванди глобалии онро ақидаи таъмини мувозинати экологию иқтисодии инкишоф ташкил мекунад.

Ҳангоми ҳалли иқтисодии масоил, ки ба беҳтаршавии меъёрҳо ва стандартҳои экологию иқтисодӣ равона мегардад, таҳлил ва ҳисоб кардани

пешина
аз 463
навбатӣ