Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Хусусияти хоси дигари заминдорӣ вобастагӣ доштан ба шароити табиию географивӣ буда, парвариши зироат ва чорво, бояд ба он шароит мувофиқ кунонида шаванд. Аз рӯи баъзе хусусиятҳои минтақабандӣ Тоҷикистонро ба 10
- 11 минтақаи табиии географии заминдорӣ ҷудо кардан мумкин аст, ки қисми зиёди онро кӯҳсор ташкил карда, аз якдигар қуллан фарқ мекунанд. Аз тарафи дигар, дар заминҳои обии пахтакорӣ боз микроминтақаҳои экологие пайдо гаштаанд, ки аллакай таркиби хок, ҳолати экологӣ ва парвариши зироатҳо тағйир ёфтаанд.
Бо назардошти гуфтаҳои боло, тартиботи зерини ислоҳоти замин ва риояи рушди босуботи иқтисодӣ ва хештаншиносии менеҷменти хоҷагиҳо дар Тоҷикистон мувофиқи матлаб аст:
- Ҳаҷми максималии заминистифодабариро ба ҳар як оила, хоҷагӣ ва корхона аз рӯи талаботҳои табиию геграфии минтақаҳо ташкил намуда, ин усул аз таҷрибаи дигар давлатҳо мавриди омӯзиш қарор дода шаванд.
- Шаклҳои гуногуни самараноки хоҷагидорӣ ва моликиятдорӣ ба заминро муайян бояд кард, аз он ҷумла моликияти хусусӣ, иҷоравӣ, коллективӣ.
- Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои заминдориро мувофиқи қонуният ва қоидаҳои давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ ташкил намуда, боварии пурраи деҳқононро барои хоҷагидорӣ ва истифодабарии самараноки замин таъмин созем.
- Истифодабарии мақсадноки замин, нигоҳдории иқтидори истеҳсолии замин ва таъмини маданияти волои корпоративии менеҷменти кишоварзиро ба роҳ монем.
- Ташкили молиягузории имтиёзнок ба замин, кафолати аз ҷониби давлат харидорӣ намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳимояи он аз рақобати бозори беруна.
Мо боварӣ дорем, ки оиди ин масоили муҳими менеҷмент ва умуман, рушди босуботи ҳокимиятдорӣ дар Тоҷикистон, ки қисмати зиёди аҳолии фаъол дар соҳаи агросаноатӣ фаъолият доранд, боз асару мақолаҳои зиёди илмӣ ва китобҳои дарсӣ таълиф ва нашр мешаванд, ки Шумо, хонандаи азиз, дар роҳи хештаншиносии роҳбарӣ ва ҳокимиятдорию заминдорӣ дониши мукаммал пайдо хоҳед кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор