Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
босуботи иқтисодиро дар Тоҷикистон таъмин намояд. Мазмуни илмии ин мафҳум чунин аст, ки талаботҳои асосиро таъмин намуда, ба ҳар кас имкони қаноатмандии фаъолият ва барои «зиндагонии хуб» шароит муҳайё созем. Чунин барномаи инкишоф дар назди вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, соҳибкорому хоҷагидорон оид ба он сарватҳои ба онҳо вобаста кардашуда, ки бевосита роҳбарӣ ва истифодабарии онҳоро ба ӯҳда доранд, вазифа мегузорад, ки муносибати ҳокимияти худро нисбат ба истифодаи ин сарватҳо куллӣ тағйир диҳанд. Бо ин усул ҳангоми қабули қарори идоракунӣ ва барномасозию лоиҳакашӣ қоидаи рушди босуботро асоси фаъолияти худ қарор дода, бо истифода аз техника ва технологияи пешқадамтарини ҷаҳонӣ фаъолият намоянд.
Мо боварӣ дорем, ки фақат ва фақат ташаккули хештаншиносии роҳбар дар ҳама зинаҳои идоравӣ ва инкишофи фикрронии башарӣ, дараҷаи донишу донишмандии мутахассисон метавонад чунин талаботи иқтисоди босуботро таъмин намояд. Чунончӣ иқтисодшиноси бахши менеҷмент И.Т.Фролов қайд менамоянд: «Башарият имрӯз дар остонаи давраи навини инкишофи худ қарор дорад. Мо на фақат ӯҳдадорем, ки инкишофи моддӣ, техникӣ ва илмии ҷомеаро нигоҳ дорем, балки вазифадорем, ки арзишҳои навини гуманистӣ, рӯҳиявӣ, хирадмандӣ ва хештаншиносии инсониро, ки «Ҳақиқати абадӣ» мебошанд ва асоси инсониятро ташкил медиҳанд, таъмин созем. Мо ба коркард ва амалӣ гардондани концепсияи навини иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, илмӣ, экологӣ, ки ин зинаи навини башариро таъмин месозанд, ҳаматарафа мӯҳтоҷем».1
Дар шароити иқтисоди нақшавии Шӯравӣ ҳокимияти марказ нагузоштанд, ки дар минтақаю хоҷагиҳои кишоварзӣ бо истифода аз усулу кордонии роҳбарӣ ва эқогунҷоиши маҳал кору фаъолият намоянд. Дар натиҷаи химиякунонии баланд ва истифодаи бемайлони заминҳо барои кишти якказироати пахта, мардуми тоҷикро аз тарзу усули анъанавии истифодабарии замин ва дигар зироатҳо дур сохтанд, ки қисми зиёди заминҳо ба шӯразор табдил ёфта, истеҳсоли зироатҳои таърихии тоҷикӣ қариб аз байн рафтааст. Аз тарафи дигар, модели иқтисодии Ғарб ва Амрико, ки имрӯзҳо ба мо пешниҳод менамоянд, ба анъанаи хоҷагидории тоҷик хос набуда, метавонад боз мушкилиҳои зиёдеро ба миён оварад. Чунончӣ, Морис Стронг, котиби генералии комиссияи СММ
1 Наше общее будущее. Доклад МКОСР. – М.: Прогресс, 1989, С.46.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо