Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Сӯхторҳои табиӣ ва нобудшавии ҳайвонот гектар заминҳои ҷангал, обхезиҳои зиёди мамолики дунё, шӯрашавии заминҳои кишоварзӣ, садамаҳои нерӯгоҳҳои атомӣ, паҳншавии бемориҳои байниминтақавии паррандаҳо ва растаниҳо, заҳролудшавии обҳо, норасоии оби нӯшокӣ, пастшавии сатҳи қобилиятнокӣю фаҳмиши башарӣ, камшавии умр ва гармишавии рӯи замин аз қабили муаммоҳое мебошанд, ки имрӯз бояд ягон роҳбари хештаншиносро бетараф нагузоранд.
Барои Тоҷикистон ва роҳбарони зинаҳои гуногуни идоравии менеҷменти тоҷик низ, ин муаммоҳо зиёданд ва ҳаллу фасли саривақтии худро талаб доранд.
Агар ба инкишофи 15 - 20 соли охири иқтисоди Тоҷикистон назар афканем, ин манзара чунин ба назар мерасад:
-
Бо сабаби дигаргуншавии шаклу сохтори ҳокимиятдорӣ ва ташкили хоҷагиҳои нави дорои хислати бозоргонӣ, ҳанӯз роҳбарони бахшҳои гуногуни идоравӣ, ки дониши мукаммали роҳбарӣ надоштаанд ва мавҷуд набудани аксари қонунҳою ҳуҷҷатҳои меъёрии зарурии мамлакат садди роҳи пешравӣ ва боиси талаву тороҷи моликияти пешини корхонаҳо ва муносибати ғоратгарона ба сарватҳои табиӣ, аз он ҷумла замину об гаштааст.
-
Паст гаштани сифати сарватҳои табиӣ ва бад шудани вазъи экологии кишвар, боиси паст шудани боздеҳи фондҳо, ҳосилхезии замин дар шароити афзоиши бемайлони аҳолӣ ва зиёдшавии талаботи бевоситаи истеъмолии одамон гардиданд, ки ҳолати пештараи муносибат аллакай самараи дилхоҳ дода наметавонад.
Ин ду шохаи бузурги як раванди навъдибарой ва ё камсаводии роҳбарӣ буда, асосашро нарасидани ақлу заковати роҳбарин мо ба зинаи волон хештаншиносӣ ташкил медиҳад. Агар мо сари вақт инро дарк нанамоем ва сатҳи дониши роҳбарии худро ба он мувофиқ нагардонем, пас ин раванд дар як муддати кӯтоҳ ба беморин вабо табдил ёфта, тамоми мавҷудоти зиндаи Тоҷикистонро нобуд созад ва боз метавонад ҳаёти чандин насли дигарро низ дар зери хатар гузорад.
Мо андешаи онро дорем, ки фақат хештаншиносии иқтисодин менеҷмент
метавонад сари роҳи чунин раванди номатлуби ҳокимиятдориро гирифта, рушди

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо