Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Хусусияти бевоситаи ҷои корӣ, фаъолияти корӣ ва ҳолатҳои тағйирёбандаи сарварӣ дар ояндаи хештаншиносӣ мебошад.

Имрӯзҳо ҷойҳои корӣ, инкишофи афзуншаванда доштаи доираи фаъолияти менеҷмент, аз солҳои пешин куллӣ фарқ карда, пайваста донишу малакаи нав ва инкишофи зеҳнии замонавиро талаб менамояд, ки маълумоти дар Донишгоҳ гирифтан мутахассисин кифоягӣ намекунад. Чунин суръати баланди тағйирёбандагии менеҷмент, зарурати тарбиявии зеҳнии корманди ҷавонро дар корхона, яъне таълимоти баъди донишгоҳиро ба миён овардааст. Ҷараёни бемайлони ҷаҳонишавии иқтисодиёт ва алоқамандии чуқури инкишофи байналмилалӣ, суръати баланди инкишофи ахбори электронии Интернет, муаммоҳои чуқури экологию иҷтимоию демографӣ, пайваста донишу фаҳмиши ҳаминро талаб менамоянд. Инкишофи босуръати ҷаҳонии электронӣ ва телетехнологӣ талабгори зинаи баланди хештаншиносии сарварӣ мебошад.

Пас, барои ҳаракати пайвастаи мувофиқ ба замонаро ноил гаштан, моро зарур аст, ки кори тарбиявиро дар менеҷмент дар баробари фаъолиятҳои муҳими корхона ба роҳ монда, сармояро мувофиқи мақсад сарф ва корманди соҳибкасб тайёр намоем. Аз тарзу усули кӯҳнаи роҳбарии фармондиҳӣ ва назорат даст кашем. Корманд ва ё менеҷери имрӯза, аллакай хоҳиши мустақилона қабул кардани қарорро дошта, тайёр аст масъулиятро бевосита ба уҳдаи хеш бигирад. Ҳар як мутахассиси ҷавон аз тарбияи оила, мактабу донишгоҳ роҳи сифатии инкишофро пеш гирифта, мехоҳад маҳсулнокии меҳнати баланд дошта, барои ояндаи хеш «зиндагонии хуб»-ро таъмин созад. Дар ин давра мақоми асосиро дониши баланди касбие мебозад, ки аз технологияи компютерӣ самаранок истифода мебарад ва фаъолияти эҷодкорию илмҷӯиро мегирад. Аз тарафи дигар, гуногунмиллатӣ ва гуногунхалқии таркиби менеҷмент ҳар як корманд ва роҳбарро маҷбур месозад, ки ду ва се забонро хеле хуб дониста, дар ҷараёни роҳбарӣ истифода баранд.

Оид ба ташкили кори мураббигӣ мо дар қисми 3-юми китобамон пурра гуфта гузаштаем. Дар ин қисми китоб диққатро ба тарбияи меҳнатии инноватсионӣ равона сохта, онро ҳамчун барномаи рушди башарӣ баҳо доданием. Аз ин хотир, ташкили машваратҳои корӣ, семинарҳо, курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ, омӯзиши фардӣ аз роҳҳои навини тарбия дар менеҷменти муосир ба

пешина
аз 463
навбатӣ