Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
корхона бояд ташаккул дод. Гуфтан ҷоиз аст, ки аксари пешвоён табиатан ин қобилияти баландро доранд ва вазифаи тарбия пайдо ва ҷудо кардани онҳо ва пурэнержӣ гардонидани ин раванди тарбия дар шахсиятҳои дорои чунин қобилият мебошад. Аз нигоҳи мо хуб мебуд, дар минтақаҳо ва маркази шаҳрҳои калони мамлакатамон мактабҳои махсуси кӯдакони лаёқатмандро ташкил намуда, онҳоро барои дар оянда пешво шудан аз рӯи барномаҳои махсуси роҳбарӣ таълим диҳем ва тарбия намоем.
Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки дар ҳама ҳолат тарбияи ахлоқии башарӣ мақоми аввалин дошта, дар фаъолияти ояндаи роҳбарии ӯ таъсири баланди мусбӣ хоҳад расонид. Пас, таъмини пурраи инкишофи ахлоқии ҳар як фард, вазифаи муҳими тарбияи фарзанд дар ҳама зинаҳо ба ҳисоб рафта, тарбияи ахлоқӣ ин худнизомии дохилаи инсонӣ мебошад ва мувофиқи ақидаи донишманди миллати тоҷик Луқмони Ҳаким «тарбияи ахлоқӣ бояд баробари таваллуд гаштани кӯдак ба дунё оғоз гардад ва то ба гӯр идома ёбад».
57.2. Усулҳо ва роҳҳои ташкили кори тарбиявии
хештаншиносӣ дар корхона
Ҳамин тариқ, мутахассиси ҷавон баъди хатми донишгоҳ ва ё дигар муассисаи таълимӣ ба корхона роҳхат мегирад ва бевосита ба зинаи дигари тарбияи хештаншиносӣ рӯ ба рӯ мегардад. Ин ҳам бошад, дар навбати аввал, тарбияи меҳнатӣ номида шуда, ба якчанд омилҳо бархӯрда, боз мушкилию муаммои ин давраро пеш меорад. Имрӯз дар корхона корманд ба унсури нави менеҷмент табдил гашта, акнун ӯ аз корманди 10 - 15 сол пеш бо куллӣ фарқ мекунад. Сатҳи дониш ва некӯаҳволии кормандон рӯз то рӯз боло рафта, онҳо аллакай боварӣ доранд, ки самаранокии баланди меҳнатӣ ва этикету хиради баланди роҳбарӣ ҳамчун арзишҳои баланди хештаншиносӣ баҳо дода мешаванд.
Тарбияи корманди ҷавон дар корхона, тадқиқоти фардии менеҷмент ва
ташкили мураббигӣ бо мақсади мувофиқ кунонидани иқтидори зеҳнии вай ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо