Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
сарватҳои табиӣ, истифодаи технологияи пешқадами истеҳсолӣ ва экологӣ барномаҳои дахлдор қабул намоянд.
Мувофиқи ақидаи олимони америкоии П. Эрлих ва Ч. Холдрен формулай таъсиррасонии рушди башариро ба муҳити атроф чунин муайян кардан мумкин аст:
- O = P x A x T, ки
Дар ин ҷо: O - таъсири одамон ба муҳити атроф.
P — миқдори аҳолӣ.
A — дараҷаи некӯаҳолӣ.
T — дараҷаи инкишофи технологӣ.1
Вобаста аз натиҷаи формулай дар боло нишондодашуда, барои ҳар як мамолики дунё дараҷаи ҷавобгарии экологӣ ва вобаста аз ин метавон сармоягузории экологиро муайян сохт. Аз тарафи дигар, чунин масъалагузорӣ моро водор месозад, ки аз технологияи кӯҳнаи истеҳсолӣ, ки сарватҳои табииро зиёд истеъмол намуда, боздеҳи кам доранд ва ба муҳити зист таъсири манфии мерасонанд, даст кашем ва бо истифода аз технологияи навини экологӣ зинаи баланди экотехникиро таъмин намоем. Аз тарафи дигар, масоили бемайлони афзоиши аҳолӣ, дар мамолики рӯ ба тараққиниҳода ва мамлакатҳое, ки дар сатҳи пасти инкишоф қарор доранд, барномаи паст кардани суръати афзоиши бемайлони аҳолӣ дар назар аст. Афзоиши аҳолӣ ин худ шакли асосии зиёдшавии истеъмоли сарватҳои табиӣ мебошад. Гузаштан аз нишондиҳандаи миқдории афзоиши аҳолӣ, ба нишондиҳандаи сифатӣ, яъне инкишофи босуботи аҳолӣ, бояд вазифаи ҳар як фарди соҳибақл гардад. Хуб мебуд агар ба ҷои 10 фарзанди носолиму бесавод, 2 ва ё 3 фарзанди солим ба дунё оварда, саводнок менамудем, манфиаташ ба муҳит, ҷомеа ва ба худи падару модар, садҳо маротиба зиёдтару хубтар мерасид.
Бо фикри банда, ки чандин сол боз ба омӯзиши масоили иқтисодии
экологӣ - муаммои бузурги инсонӣ сару кор дорам, агар рушди босуботи башарӣ
дар мамолики қафомондаи дунё дар муддати 5- 10 соли оянда таъмин карда
нашавад, он гоҳ инкишофи иқтисодии давлатҳои абарқудрат садҳо маротиба
боло рафта, давлатҳои қафомонда боз қашшоқтар мегарданд. Зарур аст, ки
1 Человеческое развитие. - М.: 2000, с.342.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо