Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. Истеҳсоли автомобил ва барориши гази карбонат ба ҳаво қариб 20 маротиба.

Чунин суръати баланди истеҳсолӣ, бонги хатар барои аҳолии тамоми кураи замин буда, дар муҳлати хеле кӯтоҳ куллан дигар кардани муносибатро ба табиат талабгор аст. Вагарна, ба чунон ҳодисаҳои умдаи экологии ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шудан мумкин аст, ки метавонад ба иқтисодиёти тамоми мамолики дунё зарари чандинқаратан бебозгашт оварад.

Маълум аст, ки пайдоиши масоили умдаи экологӣ натиҷаи суръати баланди инкишофи башарӣ буда, характери яктарафа доштани инкишофи иқтисодӣ мебошад.

Албатта, умдатарин будани масоили экологӣ нишонаи он аст, ки онро дар ҳудуди менеҷменти корхона ҳаллу фасл кардан аз имкон берун мебошад. Барои мо нуқтаи муҳим он нест, ки дар мавқеи ҷаҳонӣ, балки дар фаъолияти ҳаррӯзаи кориамон аз роҳбари хештаншинос, то ҳар як аъзои коллектив оид ба муҳити атрофамон дониши мукаммали экологӣ ва табиатшиносӣ дошта бошам.
Муносибати ғоратгаронаро ба сарватҳои табиӣ ва муҳити атроф раво набинем.
Аз ин нуқтаи назар, менеҷментро зарур аст, ки қоидаи фаъолияти роҳбарӣ ва маданияти истеҳсолии худро пурра ба одамон ва табиат нигаронад. Дар кураи замин нобаробарии ҷойгиршавии аҳолӣ ва сарватҳои табиӣ мавҷуд буда, дар мамлакате сарватҳои табиӣ, аз ҷумлаи нефту газ зиёд бошад, дар дигаре обу замин ва дар дигаре ҷангалу олами ҳайвонот. Дар як нуқтаи замин ва ё мамлакате миқдори зиёди аҳолӣ зиндагонӣ дошта, норасоии хӯрока ва дигар сарватҳои табиӣ ҳис карда мешавад ва дар дигар ҷо зиёд будани сарватҳои табиӣ ва кам будани захираҳои башарӣ. Дар давлатҳои аз ҷиҳати илму техника тараққикарда, суръати истифодабарии сарватҳои табиӣ 100 карат баланд аст нисбати давлати сусттараққикардаи саноатӣ. Давлати азимқудрат истеҳсолоти баланди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молҳои саноатиро ба роҳ монда, давлати сусттараққикарда суръати хеле пасти истеҳсолӣ дошта, умуман ба бозори ҷаҳонӣ баромада наметавонад. Чӣ хеле ки мушоҳида мешавад, мо як навъ нобаробарӣ ва ноадолатии иҷтимоии иқтисодиро дар байни мамлакатҳои ҷаҳони имрӯза мушоҳида менамоем. Зарур аст, ки ин масоил дар байни давлатҳои тамоми дунё муҳокима гардида, оид ба низоми муайяни молиягузорӣ ва истифодабарии

пешина
аз 463
навбатӣ