Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
-
Истифодаи ғайрисамараноки сармоя дар маълумотирини кормандон. Барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дар курсҳои такмили ихтисос бо сабаби кӯҳна шудан ба технологияи замонавӣ ва қоидаҳои фаъолияти иноватсионӣ менеҷмент ҷавобгӯй набуда, самаранокиро таъмин карда наметавонад.
-
Стратегияи пешгирифтаи менеҷменти аксари корхонаҳо барвақт кӯҳна шудааст ва ё бюрократӣ мебошад, ки ҳавасмандӣ ва мотиватсияи зеҳнии кормандро таъмин намесозад ва дар натиҷа корманд иқтидори ақлонии касбии худро пурра истифода намекунад.
-
Технологияи кӯҳнашудаи истеҳсолӣ дониши нави замонавиро талаб намекунад. Дар натиҷа, кормандон оҳиста - оҳиста танбал шуда, қобилияти баланди кории худро гум мекунанд.
-
Самаранокии маълумотро фақат менеҷменти дорои маданияти баланди иҷтимоӣ ва роҳбари хештаншинос метавонад бо мақсади инкишофи бемайлони иқтисодӣ истифода карда, фоидаи зиёд ба даст орад.
Ҳамин тариқ, сармояи инкишофи башарӣ гуфта, молиягузориро барои маълумотнокӣ, тандӯрустӣ, маводи ғизоӣ ва дигар равандҳои инкишофи одамӣ «аз гаҳвора то гӯр» меноманд. Бинобар ин, таъмини нафақапулии корманд бо сабабҳои гум кардани қобилияти меҳнатӣ, пирӣ ва ё беморӣ низ, давоми мантиқии сармоягузории инкишофи башарӣ буда, хусусиятҳои хоси худро дорад.
Маблағгузории нафақа аз ҳисоби фондҳои давлатӣ - иҷтимоии нафақа, маблағҳои суғуртаи маҷбурӣ ва ихтиёрии фардӣ, инчунин, захираҳои корхона таъмин карда мешавад. Бояд гуфт, ки таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ба рушди босуботи башарӣ алоқаи зич дошта, дар шароити иқтисоди бозорӣ ҳуқуқу вазифаи кормандон ва аъзоёни оилаи онҳоро дар ҳолатҳои нохуши зиндагӣ ҳимоя менамояд. Аз тарафи дигар, ин як шакли ҳимояи кормандон ва оилаи онҳо аз камбизоатӣ ва қашшоқӣ мебошад, дар ҳолати гум кардани қобилияти кории корманд. Инчунин, таъмини зиндагии хуб дар айёми пиронсолии корманд аз ҳисоби фонди суғуртаи корхона, суғуртаи ихтиёрӣ ва ёрии давлатӣ. Пайдоиши суғуртаи нафақа шароит муҳайё месозад, ки имконот ва интихоби кормандон васеъ гашта, рушди башариро тамоми умр давом диҳем. Имрӯз дар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо