Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Роҳбари маълумоти баланди касбӣ дошта, сармояи башарӣ ва моддию табииро хеле самаранок ва бошуурона истифода мебарад, ки баъзан кас ҳатто ба чашм ва ақли худ бовар карда наметавонад.
Навъи инкишофи иқтисодие, ки ба рушди сармояи башарӣ равона шудааст, гувоҳӣ медиҳад, ки зинаи маълумотнокӣ на фақат имкони баланд кардани сармояи истеҳсолӣ дорад, балки он аксар маврид аз он пеш гузашта, самаранокии фаъолиятро чандин маротиба баланд мегардонад. Дар назарияи инкишофи менеҷмент, ки ба раванди иноватсионӣ нигаронида шудааст, қайд карда мешавад, ки ин гуна фаъолият имконоти васеи истифодаи дастовардҳои илмию техникиро ба вуҷуд оварда, ҳосилнокии меҳнатро садҳо маротиба зиёд менамояд. Натиҷаи ниҳоӣ, албатта, ба муваффақиятҳои калони иқтисодӣ ноил гаштани корхона оварда, рақобатпазирии моли корхонаро дар бозори ҷаҳонӣ мустаҳкам намуда, нуфузи менеҷментро хеле баланд мегардонад.
Истифодаи пайвастаи дониш дар истеҳсолот барои ба даст овардани дониши нав, раванди концептуалии худшиносии роҳбарӣ дар менеҷмент ва нишонагирӣ ба корманди донишманду мутахассиси варзида ва вуҷудкорону олимон, шарти асосии сармоядории башарии менеҷменти ҷаҳони муосир гардидааст.
Чунин қоидаро мо барои менеҷменти муосири тоҷик пешниҳод менамоем. Пешрафти иқтисодӣ муҳимият ва зарурияти маълумотгириро дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишкадаю донишгоҳҳо, академияи фанҳо баланд бардоштан, далолати воқеии манфиатнокии сармоя мебошад. Махсусан, барои менеҷменти корхонаҳои Тоҷикистон, ки ба ин масоил танҳо солҳои наздик диққат дода истодаанд, омӯзиши ҳаматарафаи он, аз манфиат холӣ нест. Аммо бояд гуфт, ки танҳо маълумотнокии баланди кормандон нишораи таъмини самаранокии иқтисодӣ намебошад. Ин, дар навбати худ боз ба як қатор хусусияти хоси менеҷменти корхонаҳо ва рафтори роҳбарию хештаншиносии зинаҳои гуногуни идорӣ вобастагии қавӣ дорад. Аз нигоҳи мо, ин хусусиятҳо чунинанд:
- Новобаста ба маълумоти баланди касбии кормандон, роҳбарон истеҳсоли моле ва ё шакли роҳбариеро пеш гирифтаанд, ки ин донишҳо ва қобилиятҳо истифода бурда намешаванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо