Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

карда, бо мақсади озодона амалигардонии фаъолияти хеш, ба давлатҳои пешқадами дунё бо роҳи расмӣ ва ғайрирасмӣ ворид мегарданд. Мо оиди камбизоатӣ ва паҳлӯҳои гуногуни таъсиррасонии он ба ҳаёти ҷомеа дар китоби 4-уми менеҷмент пурра гуфта гузаштаем ва хулосабарорӣ низ кардаем.

Дар ин нукта, боз таъкид бар он дорем, ки дар ҳар ҳолат рушди босуботи башарӣ асоси инкишофи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию мадании давлат ва менеҷменти корхона мебошад. Пас, фақат муҳити кормандони дараҷаи дониши касбиашон баланд дошта, метавонанд қувваи ҳаракатдиҳандаи хештаншиносии роҳбарӣ бошанд, ки алоқамандии онҳоро мо дар мавзӯи оянда бароятон гуфта мегузарем.

56.4. Маълумотнокӣ ва давомнокии фаъолияти меҳнатию таъминоти нафақа дар менеҷмент

Маълумотнокӣ асоси инкишофи башарӣ буда, имкони ҳар як фардро оид ба амалигардонии қобилияти зеҳнӣ ва истифодабарии захираҳо таъмин менамояд. Аз тарафи дигар, маълумотнокӣ кордонӣ ва ҳунармандии касбии шахсро баланд бардошта, нишонаи сифатии инкишофи башарӣ мебошад. Бинобар ин, яке аз нишондиҳандаҳои сифатии инкишофи башарӣ индекси зинаи маълумотнокии бадастовардашудаи ҳар як фард, аз он ҷумла роҳбарон мебошад. Оид ба зинаҳо ва шаклҳои таҳсилот дар Тоҷикистон мо дар қисми 3-юми китобамон гуфта гузаштаем. Қайд бояд кард, ки зиёда аз 50 сол боз дар Эъломияи ҳуқуқи башар маълумотнокиро ба сифати яке аз ҳуқуқҳои асосии инсонӣ қабул намудаанд. Аммо мутаассифона, ҳоло низ маълумотнокӣ мавқеи худро дар зинаҳои гуногуни идорӣ ва ҳокимиятдорӣ пайдо накардааст, чунки имрӯзҳо дар ҷаҳон миллионҳо одамони калонсол ва кӯдакони синни мактабӣ аз мактаб дур гашта, бесавод мондаанд. Гарчанде дар садсолаи охир маълумотнокии аҳолӣ характери афзоишӣ дошта, яке аз омилҳои асосии инкишофи иқтисодию башарӣ гаштааст. Муассисаҳои таълимӣ имкон пайдо намудаанд, ки маданияти баланди рафтори инсониро аз як насл ба насли дигар дода, ҷавононро аз нозукиҳои

пешина
аз 463
навбатӣ