Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

да корхонаро муайян месозад. Дар мамлакате, ки дараҷаи ихтисосмандӣи
кормандон баланд мегардад, корхонаҳо бо истифода аз технологияи баланди
инноватсионӣ ва метатехнология, ба истеҳсолоти илмғунҷоишӣ гузошта, аз
истеҳсолоти меҳнатғунҷоишӣ даст мекашанд. Агар мо ба мамолики пешқадами
дунё назар афканем, дар соҳаи кишоварзӣ, ки хеле меҳнати ҷисмонӣ-дастӣ зарур
буда, ихтисосмандӣи баланди агротехникиро талаб дорад, миқдори ками дорои
қобилияти меҳнатӣ кору фаъолият доранд, яъне аз 7 то 10%. Дар мамолики
суст тараққи карда бошад, қариб то 80% аҳолии қувваи коридошта дар соҳаи
кишоварзӣ меҳнат мекунанд, аммо ҳосилнокии меҳнат хеле паст буда,
даромаднокӣ ва музди меҳнат низ кам аст. Мувофиқи ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ
соли 1995 сохтори шуғли аҳолӣ вобаста аз дараҷаи даромади мамлакат дар
соҳаҳои мухталиф чунин мебошад.1

Сохтори шуғли аҳолӣ дар мамлакатҳо вобаста аз даромад: %

СаноатХизматрасонӣАПК
1. Мамолики камбизоат7,0%18,0%
2. Мамолики аз миёна поён1934,0
3. Мамолики миёна27,027,0
4. Мамолики пешқадам29,063,0

Вобаста аз ин нишондиҳандаҳои боло боз сохтори моли воридотӣ ва
содиротии мамлакат муайян карда мешавад. Дар мамолике, ки бештари одамон
шуғли кишоварзӣ доранд, технологияи саноатӣ ва умуман, молҳои саноатӣ аз
дигар кишварҳо ворид шуда, истеҳсолоти дохиларо маҳдуд месозад ва онҳо
имкони ками инкишофи саноатиро дошта, моли ба бозори ҷаҳонӣ тобоварро
истеҳсол карда наметавонанд. Мамолики инкишофёфтаи саноатӣ ва хизматрасонӣ
бошад, метавонад бо миқдори ками кормандон ва технологияи баланди
инноватсионӣ маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тозаи кишоварзӣ истеҳсол намуда,
талаботи мамлакати худро таъмин намояд ва зарурати харидани маҳсулоти
кишоварзиро аз давлатҳои қафомонда надорад. Дар натиҷа, мо мебинем, ки ҳар
сол ҷаҳониён, ҷавонони лаёқатманди зеҳнии мамлакатҳои сусттараққикардаро тарк

1 Человеческое развитие. - М.: 2000, с.122.

пешина
аз 463
навбатӣ