Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
навбати аввал қарор диҳем. Яъне инкишоф дар кадом соҳае, ки набошад, бояд ба мақсаду манфиат ва инкишофи одамон равона карда шавад. Ин чунин маъно дорад, ки дар айни замон мо ба тарзу усули иқтисодии инкишоф бо нигоҳи нави хештаншиносӣ назар карда, дар додани музди меҳнат, тақсимоти фонду, нархгузории мол, сармоягузорӣ, имконоти истифодабарии захираҳо ва ҳокимиятдорӣ ислоҳоти куллӣ ворид намуда, рушди босуботи башариро таъмин совем. Аз ин бармеояд, ки аз системаи кӯҳнаи идоравии Шӯравӣ ва мақоми паст доштани омили башарӣ дар ҷараёни истеҳсолот даст кашида, одамро дар мадди аввал, ба сифати қувваи зиндаю созандаи моли нав баҳо дода, мувофиқ ба он боадолатона ҳақмузд ва имкони истифодабарии захираҳоро диҳем.
56.2. Равандҳои концептуалии инкишофи башарӣ
дар менеҷменти муосир
Аз нимаи дуюми солҳои 80-уми асри гузашта шурӯъ карда, аксари олимон ва донишмандону роҳбарони корхонаҳои азим ва ширкатҳои байналхалқӣ ба чунин хулоса омадаанд, ки нуқтаи муҳими инкишофи менеҷментро «одамон»
ташкил медиҳанд.
Инкишофро ҳамчун ҷараёне, ки дар маркази диққат инсон қарор дорад, баҳо дода, ҳуқуқи пурраи он барои инкишоф, имкони васеи истифодаи захираҳо, амалигардонии озоди қобилият ва иштирок дар роҳбарӣ, аз қоидаҳои асосии ин ҷараён гардидаанд. Пас, даромадро на ҳамчун мақсади охирини корманд дар менеҷмент, балки ҳамчун воситаи имкони васеъшавии интихоби фаъолият ва баландбардории тахассус ва расидан ба хештаншиносии роҳбарӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ баҳо додан зарур мебошад.
Бояд гуфт, ки ҳар як инсон дар ҳар як давраи инкишоф ба мақсади «зиндагонии хуб» оиди панҷ паҳлӯи умри худ андешаронӣ менамояд:
- Умри дарозу бобаракат дидан.
- Донишу касби муайянро аз худ намудан.
- Имкони истифодабарии захираҳоро доштан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо