Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Ҳиссаи аҳолие, ки асосан, то 40 солагӣ умр мебинанд.
  2. Ҳиссаи аҳолие, ки имкони истифода аз оби тозаи нӯшокӣ надоранд.
  3. Ҳиссаи аҳолие, ки имкони муроҷиат ба муассисаҳои тандурустӣ надоранд.
  4. Ҳиссаи кӯдакони то 5 - солае, ки вазни ниҳоят кам доранд ва ё ноқисулақланд.
  5. Ҳиссаи бесаводон дар байни аҳолии бо балоғатрасида.

Бояд гуфт, ки агар аз 3/1 ҳиссаи аҳолӣ мувофиқи ин нишондиҳандаҳо қарор дошта бошад, бонги хатар барои роҳбарони ҳамаи зинаҳои идоравӣ буда, аз ояндаи босубот надоштани роҳбарии онҳо шаҳодат медиҳад.

Як нуқтаи муҳим қобили қайд аст, ки ин нишондиҳандаҳо гарчанде дар назари аввал нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ҳам бошанд, аммо дарки фалсафии он моро ба масоили менеҷмент рӯ ба рӯ месозад. Аз ин бармеояд, ки таъмини рушди босуботи аҳолӣ ва махсусан, кормандони хеш вазифаи аввалиндараҷаи менеҷмент ба ҳисоб рафта, маҳв, такрористеҳсолӣ сармояи башариро таъмин месозад. Инкишофи менеҷмент низ пурра аз он вобаста мебошад, ки вай дар кадом муҳити маданию иҷтимоӣ кору фаъолият дорад.
Хароҷот намудан ва ё маблағҳои иловагӣ ворид сохтан барои мардуми бесаводи қашшоқ, баробари ҳаво додани молу пул ба дарё мебошад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳолати хеле вазнини иқтисодию иҷтимоиро паси сар карда, қадамҳои аввали худро ба замони рушди босубот гузошта истодааст, чунин фикррониҳои роҳбарии ба мадди аввал гузоштани инкишофи башарӣ, дар барномаҳои ҳукуматӣ ва корхонаву идораҳо аз манфиат холӣ набуда, рушди босуботи иқтисодиро дар ояндаи наздик таъмин хоҳад кард.

Ин системаро дар иқтисодиёт ҳамчун системаи ҳимоявӣ ва ё бехатарии башарӣ арзёбӣ намуда, қувваи ҳаракатдиҳанда ва асосии расидан ба хештаншиносӣ дар менеҷмент номидан мумкин аст.

Дар ҳақиқат, имрӯз фаъолияти аксари ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ, аз
ҷумла ФБА, Бонки ҷаҳонӣ, БИР ва ғ. мувофиқи ин қоида амалӣ гашта
истодааст. Мувофиқи мақсад мебуд, агар мо дар қоидаи роҳбарӣ ва иқтисодию
дарки фалсафии роҳбарони зинаҳои гуногуни идоравии ватанӣ ин мавзӯъро дар

пешина
аз 463
навбатӣ