Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
истеъмолкунандаи хешро надорад. Пас, ҷорӣ кардани чунин навоварӣ чӣ заруррият дорад. Ин, албатта, ба нобудшавии барнома оварда расонида, эътибори менеҷментро коста мегардонад.
- Вобаста аз мураккабӣ ва бисёрвазифагии иноватсионӣ. Аслан, талаботи иноватсионӣ дар бар гирифтани масоили борику тозае мебошад, ки касеро норанҷур насозад ва ё бояд мушкилоти зиёдеро ба вуқӯъ напайвандад. Кормандон вақте мебинанд, ки амалигардонии барнома хеле мураккабу бисёртарафа аст, аз иҷрои он даст мекашанд.
Бояд гуфт, ки камбудиҳои болоро бартараф сохта, шумо имкони пурраи амалӣ гардонидани барномаро пайдо менамоед. Аз тарафи дигар, ин усули олии мутобиқкунонӣ ва одаткунонии координатсионӣ буда, менеҷмент бо роҳи қадаммонии пайдарпай ба он зина расида, роҳи муносиби ҳалли масоилро меёбад. Аммо иқтидори бузурги суръатбахши ин ҷараён, қувваи ақлонии роҳбари хештаншинос мебошад. Ӯ ҳамчун пешвои кордону донишманд ва шахси манфиатдори иқтисодию иҷтимоӣ монеаҳои ин ҷараёнро бартараф намуда, бе ягон дудилагӣ, зуд аз паи иҷрои мақсад мегардад. Маҳз дар ҳамин ҳолат нишона ва манфиати воқеии хештаншиносӣ муайян гашта, натиҷагирии мусбии худро медиҳад. Аз дигар тараф, дастгирии коллектив аз зинаи пешвоии ӯ вобаста аст ва агар ӯ дар ҳақиқат инкишофи этногениалии коллективашро таъмин карда бошад, пас, атрофиён ӯро пурра тарафдорӣ намуда, ба шикасти барнома ва ё бохти мақсади роҳбари хештаншинос роҳ намедиҳанд.
Дар ҳайати менеҷмент бошад, системаи дастгирии қарори қабулшудаи роҳбариро ҷорӣ сохта, ба қобилияти ақлонии кормандон нишонагирии бевосита намудан зарур аст. Ин гурӯҳи қобилиятноки одамон мебошанд, ки дар системаи инноватсионӣ мақому мартабаи баланд дошта, коллектив ба онҳо бовар мекунанд. Ин одамон пайваста кори одаткунонии инноватсионӣ бурда, коллективро ва ҳатто рақибони берунаро ба он бовар мекунонанд.
Аз тарафи дигар, системаи инкишофи инноватсионии менеҷмент бояд ҳатман ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошад: одаткунонӣ; афзуншаванда; комплексӣ; зинагӣ ва зеҳнӣ будан.
Механизми функционалии идоракунии системаи инноватсионии зеҳнӣ системаи комплексии иҷтимоию иқтисодӣ ҳисоб ёфта, дар асоси худинкишофёбии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё