Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Оиди идоракунии муноқиша ва роҳҳои бартараф намудани он, мо дар қисми 3-юми китоби худ пурра гуфта гузаштаем. Ҳалли муноқиша ва умуман, бартараф намудани он, яке аз вазифаҳои муҳими роҳбарии эволютсионии менеҷмент ба ҳисоб меравад.
Аз нигоҳи менеҷмент панҷ сабаби асосии монеа ва амалӣ нагаштани барномаи иноватсионӣ мавҷуд аст:
-
Иҷро ва амалӣ нагаштани барнома бо сабаби ворид сохтани ва тағйироту иловаҳо ба мазмуну мундариҷаи барнома. Аслан, барномаҳои иноватсионӣ ва эҷодӣ бояд ҳаматарафа омӯхта шуда, то амалӣ гаштанашон бояд тахминан 98 - 99% дуруст бошанд ва новобаста ба ҳолатҳою ҳодисаҳо дигар нашаванд.
-
Сабаби асосии иҷро нагаштани барномаҳо қафомонии пайвасти онҳо аз талаботи рӯз мебошад, яъне ҳангоме Шумо ақидаи навро дер амалӣ мегардонед, онро кӯҳнашуда ҳисобида, кормандон барои амалигардонии он ҳавасманд намебошанд. Бинобар ин, вақти пайдоиш, коркард ва амалигардонии ақидаи навин ва эҷодкорӣ бояд монеа надошта, ба вуҷуд мавқеи худро ёбад. Чунончӣ дар боло гуфта гузаштем, вақте мо давраи одаткунониро оғоз мекунем, оиди мазмуну мундариҷаи ин барнома мардумро пурра мефаҳмонем. Аксари мутахассисони донишманд метавонанд, ки онро ба зудӣ аз худ намуда, ихтироотро бо номи худашон пешниҳод намоянд, гарчанде ки ғояҳои асосӣ ба Шумо тааллуқ доранд.
Чунин ҳолат дар ташкилоти системаи роҳбарии иноватсионӣ дошта ба вуҷуд омадаш мумкин аст, чунки мо шароити хуби иноватсиониро барои тамоми кормандони хеш якхела ташкил карда, ба ҳама имкону маблағгузорӣ ва имконҳои дигари амалигардониро баробар додаем. -
Умуман, амалӣ нагаштани барнома бо сабаби рақиби пуркувват доштан ва пурраю ҳаматарафа тайёр набудани он. Инчунин, пайдо шудани ҳолатҳои бюрократии роҳбарӣ, нобоварӣ ва номуайянии баъзе паҳлӯҳои барнома, яъне бар замми мухолифини боқувват, боз худи барнома аз аввал ба талабот ҷавобгӯ набуд.
-
Мақсадҳои ғайривоқеӣ ва берун аз имконот гузоштан дар навоварӣ ва
эҷодкорӣ. Натоиҷи иноватсия ба истеҳсоли моле, ки имрӯз дар бозор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё