Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мақсаднокии инноватсиониро амалӣ гардонида, боз ба шахсиятҳои алоҳида, кормандон ва роҳбарони гурӯҳҳои хурди гуногун таъсир расонида, ташаккули хештаншиносии роҳбариро таъмин месозанд.

Раванди дигари амали система фаҳмиши фалсафӣ, рӯҳӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, таърихӣ, этносӣ ва педагогӣ буда, дар вақти омӯзиш ва одаткунонии кормандон ҳамаи ин ҷабҳаҳои инкишофи фардӣ ба инобат гирифта мешаванд. Дар ин раванд, пеш аз ҳама, таъсири ақлонӣ муҳим буда, он бо роҳи омӯзиши тарафҳои муҳими равандҳои илмии дар боло зикргашта мақсадгузорӣ карда мешавад.

Барои таъмини самараноки идоракунии ин ҷараён роҳбар — пешво бояд шахсияти шинохта ва бонуфузи корхона бошад ва кормандон ба ӯ бовар кунанд. Механизми боваркунӣ ба омили рефлексияи инсон вобастагии қавӣ дорад. Устод бояд ин омилро самаранок истифода карда тавонад. Аз системаи пешинаи амудии роҳбарӣ даст кашида, ба системаи ҳамвори роҳбарӣ ва аз коллективизми вазифагузорӣ ба вазифагузории фардӣ гузаштан, механизми нави самаранокии ҷараёни инноватсионӣ мебошад.

Чунин шакли роҳбариро мо дар системаи ҳизбии навини демократӣ дида метавонем, яъне дар пешниҳод ва қабули қарору дархостҳо аксарият иштирок намуда, доимо хоҳиши пешниҳоди ақидаи навро доранд, ки дигар ҳизбҳо надошта бошанд.

Дар менеҷмент бошад, роҳбарии одаткунонии инноватсионӣ ва инкишофи онро бо роҳи муттаҳидсозии кормандони ба навоварӣ ва ё кори алоҳида завқу рағбати якхела дошта ташкил намуда, метавон ба таври зер вазифагузорӣ намуд:

  • муайян кардани соҳаи фаъолият ва шахсони масъули иҷрокунанда;
  • муайян кардани омилҳои таъсиррасонӣ ба объект;
  • интихоби гурӯҳи корӣ ва лоиҳаи аниқ;
  • муаррифии ақидаи аввала ҳамчун нишони вазифагузории навин;
  • пайдо кардани тарафдорон ва мухолифини ақидаи нав;
  • дастгирии гурӯҳ ва молиягузорӣ;
  • натиҷагирӣ ва одаткунонии коллектив ба моли нав.
пешина
аз 463
навбатӣ