Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

коллектив пайваста кӯшиш менамояд, ки чунин роҳбар дошта бошанд ва доимо ақидаю мақсад ва қарорҳои ӯро аз дилу ҷон дастгирӣ намоянд.

55.3. Роҳбарии механизми иноватсионии иқтисодӣ ва инкишофи зеҳнии кормандон

Аз мавзӯи гузашта маълум мегардад, ки механизми иноватсионии ҳамчун қисми фаъоли идоравии менеҷмент диққат ва роҳбарии махсусро талаб менамояд, чунки шароити фаъолияти менеҷменти имрӯза истифодабарии ҷараёни бемайлон ва мавҷудияти сарчашмаҳои зиёди ахборӣ, озодии он ва имкони истифодабарӣ доштани ҳар як фарди соҳибақли ҷомеа буда, инкишофи зеҳнии кормандро талабгор аст.

Таъсиррасонии технологияи баланди ахбории «Интернет» ба кормандон характери дутарафа дошта, яке ахборро дарк карда, хулосаи мусбӣ бароварда инкишоф меёбад ва кори менеҷмент-ро самаранок мегардонад. Дигаре, ахборро қабул ва онро ба муқобили инкишоф истифода карда, гурӯҳи дигари ҷомеаро ба самти муқобил ҳидоят месозад, яъне яке устод дигаре шогирд буда, фаҳмишҳо гуногунанд.

Барои идораи чунин раванд менеҷмент бояд бо ташкили механизми зинавии роҳбарӣ, ки қобилияти баланди зеҳнӣ дорад, худомӯзиро ҷорӣ намояд. Ҷараёни худомӯзӣ ташкили маданияти корпоративии корхона буда, ақида ва ғояҳои махсуси худро дорад. Аз ин хотир, таълимоти пайвастаи худомӯзӣ дар шакли фаъолияти истеҳсолӣ, навоварӣ, ҷамъомадҳо, конфронсҳо, семинарҳо, лексияҳо ва сӯҳбатҳои алоҳида, ташаккули маънавӣ ва одаткунонии инноватсионӣ ҳадафи асосии системаи инкишофи зеҳнӣ ба шумор мераванд. Аз тарафи дигар, ин одаткунонии иҷтимоӣ буда, микромуҳити маданиро ба майдон меорад, ки муносибати алоҳидаи фаъолияти менеҷментро ташкил менамояд. Яъне чунин система характери дутарафа дошта, ҷараёни омӯзиши кормандон мебошад. Дар натиҷа, захираи дохилаи зеҳнии корхона боло меравад, ки мо қобилияти зеҳнии ҳар як фардро омӯхта, вобаста аз он вазифагузорӣ менамоем. Ин система

пешина
аз 463
навбатӣ