Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
асосии муҳити солим ва тозагии об гарави саломатии ҷомеа мебошад. Махсусан, нигоҳ доштани мувозинати обӣ барои олами растанӣ ва ҳайвон хеле муҳим буда, ҷараёни афзоиш ва солими ҷисми онҳо таъмин карда мешавад.
Назарияи илмие, ки то имрӯз инсоният то ба охир исбот накардааст, ҳолати пайдоиш ва таркиби шири модар аст, ки одамизод ва ҳайвонот ба фарзандонашон медиҳанд. Дар ҳақиқат, ҷараёни пайдоиши шир монандӣ ҷараёни пайдоиши хун дар бадани одам буда, бо як маром аз ғизои мехӯрдаи модар пайдо мегардад. Аммо дар кадом ҳолати рӯҳӣ ва синну соли фарзанд вобаста ба сония, дақиқа ва рӯз модар ба фарзанд чӣ мехӯронад, ҳанӯз таркиби он шир маълум нест, чунки вобаста ба инкишофи кӯдак таркиби шир низ дар лаҳза тағйир ёфта меистад. Бинобар ин, табибон то имрӯз барои кӯдак фақат ва фақат истеъмоли шири модарро зарур мешуморанд ва модар бояд ҳатман кӯдакро то 2 солагӣ шир маконад. Оиди хусусиятҳои бисёри зидди бемориҳо дошта ва умуман табобатию пуркувватии шири модар пурра истода намегузарем. Фақат ҳаминро қайд менамоем, ки он ягона маҳлулест, ки ба талаботи инкишофи организми кӯдак пурра ҷавобгӯй буда, ӯро зуд ва ҳаматарафа инкишоф медиҳад. Навиштаҷоти ояти 66-уми сураи «Занбури асал» ба кашфиётҳои илми пайдоиши шири модар пурра мувофиқат доранд, олимон бошанд, ширро «Кашфиёти бузург ва тӯҳфаи беҳтарини меҳрубонии Худованд барои инсон номидаанд».
Боз дар Сураи Луқмон (31) таъкид карда мешавад: «Ва амр кардем инсонро, ки некӣ кунад ба падару модараш, зеро ки дар шикам бардоштааст вайро модараш дар ҳоле, ки рӯз аз рӯз (модар бо сабаби ҳамл) сусту заифтар мешуд ва аз шир манъ кардани тифл то ду солагист. «Маро шукрона кунед, ҳамчун падару модарро, бозгашти ту боз ба назди ман аст». Ё дар нуқтаи дигар, дар Сураи «Бақара» 2:233, таъкид мекунад, ки кӯдакро бояд модар ду соли пурра шир диҳад.
Барои мо, хонандаи азиз, овардани ин нуқта пеш аз ҳама бар ин мақсад буд, ки ҳар як роҳбар худ падару модар аст ва бояд барои давоми ояндадори хуби насли наврас андеша дошта бошад. Махсусан, нисбати фарзандон ва тарбияи кӯдак, яъне ба корманде, ки модар асту дар ташкилоти Шумо кор мекунад, муносибати хуб намоед. Вобаста ба мӯҳлати ширмаконӣ рухсатин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё