Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

асарҳояшон овардаем, ки боз боварии Шуморо оиди ин ақидаи бузурги динӣ мустаҳкам мегардонад.

Раванди дигари таълимоти дини ислом намозгузории мусулмонон буда, бо ин роҳ дар як рӯз панҷ маротиба шахси мусулмон сару рӯи худро шуста тоза ва таҳорату саҷда ба Худованд карда, бо рӯҳи солиму ҳушёр аз Худо мадад мепурсад. Ин меъёри илмие мебошад, ки манфиати якчандтарафа дорад. Дар аввал, тозагии тану рӯҳи инсонҳоро таъмин сохта, дилу нияти онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намуда, қавӣ мегардонад. Ман боварӣ дорам, ки ҳар яке мо ҳангоми ба сарамон вазниние омадан, ҳатман Худоро ба ёд оварда, аз ӯ мадад мепурсем. Дар ҳақиқат, боварӣ дорем, ки Худованд овози моро шунида, ба мо кӯмак мерасонад, чунки шахсе, ки дар ҳақиқат мусулмон аст, вай ба Худо боварии қатъӣ дорад ва ӯ бо ин роҳ шифои рӯҳии худро таъмин месозад.
Баръакс, шахсоне, ки ба Худованд боварӣ надоранд, онҳо норасоии боварии рӯҳӣ дошта, дар ҳолатҳои вазнин ба тарсу ҳарос афтида, чӣ кор карданашонро намедонанд ба майнӯшию нашъамандӣ ё бемориҳои зиёди дил ва рӯҳӣ гирифтор мешаванд, ки оқибат ба тамоми узви онҳо таъсири манфӣ расонида, онҳоро нобуд месозад.

Маълумотҳои ташкилотҳои тандурустӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар байни роҳбарони ба бемориҳои дилу асаб гирифтор шуда, шумораи беҳудаён хеле зиёд буда, мусулмонон кам ҳастанд.

Мо дар мавзӯъҳои гузашта оиди хислатҳои «обӣ»-и роҳбарӣ ва умуман,
созандаю поккунанда ва сабзонанда будани об сухан гуфта, қайд карда будем,
ки онро ҳамчун рафтори намунавии роҳбарӣ метавон қабул кард. Оиди ин нуқта
боз таълимоти ислом он аст, ки Худованд тамоми чизи зиндаро дар Замин аз
об офаридааст, аз он ҷумла «Одамро» низ. Чунончӣ дар Сураи «Фурқон»,
25:54, омадааст: Вай — он ки инсонро аз об офарида, монандӣ ба хун ва
иҷдивоз дод. Худованд дар ҳақиқат созандаанд. Бояд гуфт, ки ин тадқиқотро
фақат солҳои наздик табибони мо исбот намуда, менависанд, ки дар организми
зинда аз 50 — 90%-ро об ташкил медиҳад. Ҳатто исбот шудааст, ки
цитоплазма то 80% аз об иборат мебошад. Барои роҳбари хештаншинос мо ин
нуқтаро бо он мақсад овардем, то бидонад, ки организми зинда аз ҳама
бисёртар ба об эҳтиёҷ дошта, нигоҳ доштани мувозинати оби зарурӣ вазифаи

пешина
аз 463
навбатӣ