Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

«Бадакрасида» мешиносанд. Дар ҳақиқат, мо дар зиндагонӣ ва кору фаъолияти роҳбарон ҳолатҳоеро мушоҳида менамоем, ки онҳо новобаста ба зинаи роҳбариашон, хоҳ дар корхона, ташкилот, вазорату идора ва ё сардори давлат буданашон ба чунин зинаи баланди роҳбарӣ мерасанд, ки номи нек ва кори ҳалол онҳоро боз даҳҳо насл нигоҳ медорад. Меъёрҳои рафтории инсониеро боқӣ мегузоранд, ки дар ягон давру замон кӯҳна нашуда, асоси кодекси маънавии фаъолияти роҳбарӣ қарор гирифтаанд.
Роҳбаре, ки ба он зинаи инкишоф мерасад, дилу тани ӯ аз ҳама гуна рафтори гаразнок пок буда, ҷону тану ақлу қуввату ғайрати худро фақат ва фақат дар роҳи хайру хизмати мардум сарф менамояд. Албатта, мукофоти амали ин гуна роҳбарон ҳам дар замони роҳбарӣ ва ҳам баъди он пурра аз Худованди пок ва ҷомеаи инсонӣ ҷуброн карда мешавад, ки бузургтарин туҳфа барои инсони комил мебошад.

  1. Раванди дигари концептуалии ислом оила ва вазифаҳои маънавии оиладорӣ ба шумор мерасад. Яке аз фаъолияти маънавии инсон муносибат дар оила бо зану кӯдак ва падару модар мебошад. Барои дар як фарди мусулмон дӯстдории падару модар, зану фарзанд шарти зарурии инкишофи маънавӣ ҳисоб меёбад. (4:19, 4:36, 17, 24.). Муносибати ҳалимонаю меҳрубонӣ нисбати падару модар ва хоҳару бародар қисми таркибии ин раванд ва суханони пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с), ки «Волидайнатон ин биҳишту дӯзахи Шумост», асоси ин гуфтаҳо мебошанд. Бинобар ин, бо онҳо муносибати хуб кардан қарзи ҳар як фарзанди мусулмон аст. Муомилаи хуб бояд аз оила сарчашма гирифта, баъдан ба ҳамсояю ҷомеа паҳн гардад. Аз ин нигоҳ муносибати хуб дар ҳама зина бояд шарти зарурии рафтори мусулмонон гардад. Чунин талаботро дар менеджмент низ ба пуррагӣ дидан мумкин аст. Роҳбари корхона, ки ба сифати сардори коллектив қабул шудааст, бояд ба фарзандони хеш, ки аъзои ин коллективанд, муомилаи хуб карда, дар навбати хеш кормандон низ ба сарварашон муомилаи хуб дошта бошанд.
    Аз ин мебарояд, ки бо калонсолон ва пирони кор дар ташкилот ҳурмату эҳтироми баланд вуҷуд дошта бошад ва арзишҳои баланди оиладорӣ дар коллектив нигоҳ дошта шаванд.
пешина
аз 463
навбатӣ