Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

моро ба он ҳидоят менамояд, ки дар роҳбарӣ ин қоидаро сармашқи кори худ намуда, касе дар иҷрои мақсаду маромҳои олии менеҷмент аз ҳаёти коллектив дур намонад ва бо якдигар кӯмак намуда, дастгиру меҳрубон бошем.

  1. Раванди дигари концептуалии ислом пайванди тамоми ҷабҳаҳои он ба як марказ, яъне маркази «Боварӣ» буда, қимматтарин ва боарзиштарин меъёри рафтори мусулмонон гардидааст. Пайванди мазкур дар дили ҳар як фарди мусулмон нисбат ба Худованди пок боварии қавии рӯҳиеро ҷой додааст, ки ҳеҷ ягон ҳолату вақту замон онро дигар карда наметавонад. Асоси риояи ин раванд дар ислом ба ҷамъияти мусулмонон равона карда шудааст. Онҳо асосгузорони ин қоида буда, барои аъзоёни дигари ҷомеа намунаанд ва онҳоро ба баҳра бурдан аз ин меваи бузурги маънавӣ даъват намуда, дар натиҷа ҷомеаи солимро барпо месозанд. Бояд гуфт, ки талаботи расидан ба чунин зинаи инкишофи роҳбарӣ дар менеҷмент раванди ташаккули хештаншиносӣ буда, онҳо вазифадоранд, коллективи корхонаро ба чунин зина бирасонанд. Роҳбар ба ҳар як корманди хеш ва дар навбати худ корманд низ ба роҳбари худ ва мақсадҳои менеҷмент боварии қавӣ дошта, баҳри амалӣ гаштани он софдилона кору фаъолият намоянд. Ташкили чунин қоидаи муҳими роҳбарӣ имкон медиҳад, ки роҳбар як муҳити солими рӯҳӣ ва маънавӣ ҷорӣ созад, то кормандон бо хоҳишу майли баланд кору фаъолият намоянд. Кору фаъолияти ин гуна коллектив намунаи ибрати дигар аъзоёни ҷамъият ва ё корхонаҳо гашта, онҳо низ чунин қоидаро ташкил хоҳад кард, ки дар маҷмӯъ ҷомеаи инкишофёфтаи солими дорои низоми баланди арзишҳои инсониро барпо намудан имконпазир мегардад.

  2. Раванди муҳими концепсияи исломӣ инкишофи маънавии ҳаёти инсонӣ мебошад. Маълум аст, ки мақсади асосии системаи маънавии башарӣ озод ва тоза намудани дилу тани инсон аз ҳар гуна фикру хаёли мағрурӣ ва худпарастию торикию бедонишӣ ва ҳидоят ба олами дигар, олами маънавӣ, дӯстдорӣ, оламшиносӣ, одамшиносӣ ва Худошиносӣ мебошад (28:77, 3:134, 31:38, 104:1). Ба чунин зинаи инкишоф расидагонро дар ислом ба сифати суфиёни пок, ба олами тасаввуф расида, шахсиятҳои

пешина
аз 463
навбатӣ