Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
- Аз маҳсулоти минералӣ ва канданиҳои фоиданок 20%.1
Ин меъёрҳои андози аввала буда, ҳеҷ гоҳ кам карда намешаванд, вале вобаста ба имкону хоҳиши андозсупоранда зиёд гаштанаш эҳтимол дорад. Инчунин, ин системаро давлат бояд ба низом дарорад, ки мо дар бобҳои оянда оиди мақоми системаи давлатдорӣ дар менеҷмент гуфта мегузарем.
Системаи андозситонии исломӣ моҳияти хирадмандонаи коллективизм буда, нигоҳдории адолати иҷтимоиро дар ҷомеа таъмин месозад. Инчунин, бо ин роҳ ҳисоби некуаҳволии мардумро ба ҳисоб гирифта, барои таъмини зиндагонии хуби мардум хизмат мерасонад. Худи мазмуни фалсафии калиман садақа «Сидқ», яъне аз самими дил буда, ба дигарон бе ягон шарт бахшида шудани мол ва ё хизмат мебошад.
Парҳезкорӣ зинаи дигари талаботи исломӣ буда, барои ҳар як мусулмон соле як моҳ рӯза доштан ва умуман парҳезкорӣ намудан рафтори намунавӣ буда, низоми муайянро талаб менамояд. Аз тарафи дигар, риоя намудани парҳезкорӣ ҳолати рӯҳии роҳбарӣ буда, ӯро аз ҳама гуна корҳои ғайр нигоҳ медорад. Бо роҳи рӯза доштан дар моҳи шарифи Рамазон, мо имкону боварин худро оиди ғалаба кардан аз болои нафси заминии худ пайдо карда, минбаъд барои танзими фаъолияти хеш рӯҳан тайёр мешавем. Аз дигар тараф, ин роҳи наздик шудан ба Худованд, яъне хештаншиносӣ ва дур шудан аз фиребгарист.
Мақсади асосии рӯзадорӣ низ ташаккули одами ҳақиқатпараст буда, хоҳишу нафси худро замоне назорат карда, аз хӯрдан, нӯшидан ва маишат кардан манъ медорад, яъне худназоратист. Агар аз ин санҷиш роҳбар гузашта тавонад, пас ӯ дар оянда барои риояи доимии чунин низом қобилият пайдо карда, доимо дар роҳи ҳақ равона мебошад. Мақсади дигари парҳезкорӣ ва рӯзадорӣ дарки сӯистеъмоли захира ва аз меъёр зиёд истеъмол намудан мебошад, ки ба саломатӣ ва ҳам ба рафтори ӯ зиёни калон мерасонад.
Максади дигари рӯзадорӣ инкишофи рӯҳӣ ва дарки асосии моҳияти захираҳо буда, бо ин роҳ ҳар як фард, ва махсусан, роҳбарон ба қадри ин захираҳо бояд бирасанд, ки набуданашон ва ё исрофкорӣ чӣ қадар зарар дорад. Зинаи панҷуми уҳдадории мусулмонон ин зиёрати хонаи Худо мебошад.
1 Садруддин Ислахи. Взгляд на Ислам. - Пакистан, 1998, с.101 – 102.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё