Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
дил бо роҳи гузоридани намози панҷвақта, доштани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ва зиёрати хонаи Худо ҳадафҳое ҳастанд, ки аз нигоҳи мо барои роҳбари хештаншинос низ шарти зарурӣ мебошанд. Иҷрои ин ӯҳдадориҳои аввал дар навбати худ боз як қатор талаботҳои дигарро низ дар бар мегиранд, ки моро зина ба зина ба хештаншиносӣ мебаранд. Масалан, боварӣ ба ягонагии Худованд, аллакай гувоҳи ягонагии ҳақиқат буда, ин боварӣ моро барои расидан ба мақсади олии роҳбарӣ доимо метавонад роҳнамо бошад.
Ё намоз гузоридан, ин саҷда кардан ба Худованди пок ва тоза кардани дили худ аз ҳар гуна кинаву адоват нисбат ба зердастону атрофиён буда, имкони пурраи тозагии ботинӣ ва зоҳирии роҳбариро таъмин месозад. Касе ки ин талаботро пайваста нигоҳ медорад, ӯ бовариашро мустаҳкам намуда, роҳбариро дар менеҷмент мустаҳкам месозад. Яъне чунин рафтор моро доимо ба ҳақиқат наздик ва аз фиребу дурӯғ дур месозад. (20:96.)
Дуввум, рафтори ба ҳақиқатрасии мусулмон, ин додани садақа ва закоти мол мебошад. Додани садақаи мусулмон ба касе некӣ ё дастгирии моддӣ кардан, ба роҳи рост ҳидоят намудан, сухани нек гуфтан ва умуман бадӣ накарданро низ Расули Худо садақаи мусулмон шуморидааст. Ин нуқта гувоҳи он аст, ки дар ҳақиқат роҳи амалӣ шудани рафтори некӯ роҳи садақот аст ва риоя накардани он нобоварӣ ба ислом буда, ба газаби Худо гирифтор мегардонад. Роҳбари хештаншинос бояд аз моҳияту манфиати ин рафтори накӯи инсонӣ бохабар буда, онро бо дилу ҷон амалӣ намояд, чунки ин дар навбати худ роҳи тоза намудани рӯҳу дили худ дар назди Худованд буда, барои ояндаи роҳбарӣ боз қувваву иқболи нав мебахшад. Аз тарафи дигар, закоти мол ин таъмини баробарию бародарии мусулмонон, яъне адолати иҷтимоии кормандон буда, сатҳи чизпарастии роҳбарро паст мегардонад. (2: 177).
Мақсади асосии додани закоти мол, тоза кардани дилу рӯҳи хеш, дастгирии камбағалон ва ҳимояи Ислом буда, аслан мувофиқ ба даромад талаб карда мешавад ва ғайр аз ӯҳдадории маънавӣ боз ҳамчун қарз дар назди мусулмон мебошад. Андозаро аслан чунин муайян кардаанд:
- Аз маҳсулоти замини кишоварзии обӣ 5%, ва аз замини лалмӣ 10%.
- Аз маҳсулоти ҳунармандӣ, мол ва пули нақд 10%.
- Аз чорвое, ки дар замини ҷамъиятӣ чаронда мешавад 1,5% — 2,5%.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё