Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
корманди оддӣ бояд қоидаҳо ва меъёру қарорҳои корхонаро пурра риоя намояд.
-
Таълимоти динӣ доимо дар талоши инкишофи мадании одамон буда, нақши баландбарорандаи сатҳи маданиятнокии ҷомеаро талаб менамояд.
Аз дигар тараф, ин талаботи ташаккули хештаншиносӣ буда, инкишофи башариро кулли таъмин месозад, ки барои менеҷмент низ зарур мебошад.
Чуноне аз таърихи давлатдорӣ ва хирадмандии донишмандони тоҷик, ки мо дар боби 43-44-уми китобамон овардаем, маълум мегардад, ислом ҳанӯз дар замонҳои хеле қадим дараҷаи инкишофи башариро чунон таъмин сохтааст, ки мислашро имрӯз дидан ғайриимкон аст. Маҳз, тавассути меъёрҳои ҳамаҷонибаи динӣ алоқаҳои мустаҳками байнидавлатию байналмилалӣ хеле вусъат ёфта, самаранок гардидаанд. Аз ин хотир, барои роҳбари хештаншинос истифода аз ин қоидаҳо имкони васеи ҳамкориро дода, мавқеи байналхалқии менеҷменти корхонаро баланд мебардорад. -
Дар таълимоти динӣ ба қоидаи дарки маънавии ҳолатҳо ва фаҳмишҳо диққат дода мешавад, яъне ин талаботи касбӣ ба фаъолияти одамон буда, аз онҳо иҷрои тозаю дурусти фаъолияти касбиро талаб менамояд. Нигоҳи донишмандони немис ва дар аксари давлатҳои Ғарб оид ба дин чунин аст, ки дӯстдорӣ ба Худо фақат бо роҳи меҳнат амалӣ мегардад. Ҳар қадар инсон аз уҳдаи меҳнати касбии худ бо ҳунари воло барояд, ҳамон қадар ӯ дӯстдории худро нисбат ба Худованд нишон медиҳад. Онҳо касбу ҳунарро доди Худованд ҳисобида, эҳтиром менамоянд ва доимо дар талоши омӯзиш ва ташаккули касбии худ мебошанд. Чунин қоида дар менеҷмент низ дида мешавад, ки аз ҳар як корманд ташаккули пайвастаи касбӣ талаб намуда, дар ҷустуҷӯи иҷрои устокоронаи ҳунар қарор дорад.
Пас, роҳбари хештаншиносро зарур аст, ки чунин талаботи диниро омӯхта, онро дар фаъолияти роҳбарӣ истифода барад. -
Қоидаи аз ҳама муҳим ва хоси дин, махсусан, дини ислом, ҷавобгарии
аниқи фардӣ барои ҳар як рафтори худ ва мавҷуд будани ҷазоро барои
рафтори ношоиста таълим дода, онро барои ҳар як нуқта таъкид
менамояд. Шахси диндор дар навбати аввал, дар ҳама ҳолатҳо, барои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё