Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

арзишҳо имкон медиҳанд, меъёрҳои умумии этикие ворид намоем, ки ҳамчун қоидаи умумӣ барои ҷомеа муайян шаванд. Ҳар як дин ба худ варианти арзишҳо, нишонагирӣ ва роҳҳои махсуси амалигардонию инкишофи худро дорад, ки хеле нозук буда, баъзе ашхоси нокомил, аз нофаҳмию бехабарии ҷомеа истифода карда метавонанд, дар байни ҷомеа низоъҳои динию мазҳабӣ ба миён оваранд. Мо аз ин равандҳои иртиҷоӣ канораҷӯӣ ва чунин рафтори бо ном диншиносонро маҳкум менамоем.

Аз нигоҳи таърихӣ ва сохтории менеҷмент динҳои ҷаҳони имрӯза ба роҳбар дар асоси чунин қоидаҳо муносибат карда метавонанд:

  1. Ҳаёти маънавии ҷомеаро ғанӣ гардонида, ягонагии одамон ва ҷамъиятро таъмин намуда, маҳдудияти синфӣ, этникӣ, нажодию миллиро аз байн мебардорад ва шакли умумии маданияти менеҷментро таъмин месозад.
    Интегратсияи ҷамъиятиро таъмин карда, мувозинати инкишофи ҷамъиятиро нигоҳ медорад. Очеркҳои таърихӣ гувоҳанд, ки дин дар навбати худ боз ҷамъияти парокандаро муттаҳид сохтааст. Ҳатто, дар ҳолате ки давлат чунин қувваро надошта, дин тавонистааст, ки гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаро ба ҳам орад. Бинобар ин, барои роҳбари хештаншинос зарур аст, ки бо истифода аз донишҳои динӣ муттаҳидии коллективиро устуворона нигоҳ дорад.

  2. Воситаҳои бузурги мустаҳкамкунонии дин институтҳо ва усули таълимоти онҳо мебошад. Мавҷудияти масҷиду ибодатгоҳҳо ва ҷойҳои муқаддас ва қоидаҳои рафторӣ дар ин ҷойҳо, гувоҳи он аст ва дар ин зиёратгоҳҳо қоидаи махсусу олие вуҷуд дорад, ки онро бояд ҳама риоя намоянд.
    Тарафи дигари масъала, ташкили кори таълим ва эҳтироми устод дар дин мебошад. Ин қоида чунон пурзӯр ба роҳ монда шудааст, ки устод бояд дар ҳақиқат ба шогирд дуо диҳад, ки ӯ то кадом нуқтаи инкишоф расидааст. Дар менеҷмент мо ин фаъолиятро дар мавзӯи мураббигӣ (коучинг) гуфта гузаштаем, ки барои дастгирии кормандони ҷавон дар менеҷмент хеле зарур мебошад. Инчунин, оид ба қоидаҳои рафторӣ ва риояи онҳо аз тарафи диндоронро низ барои менеҷмент омӯхтан ногузир аст, ки ҳама бечунучаро бояд иҷро намоянд. Вай хоҳ сардор аст, хоҳ

пешина
аз 463
навбатӣ