Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

берун баромада, ба доираи маданияти сиёсӣ ворид мешавад, ки дар он нуқта низ бояд мустаҳкамии идеологии маданияти миллӣ қадр карда, инкишоф дода шаванд. Дар ҳақиқат, давлати адолатпараст бояд арзишҳои миллиро ба манфиати тамоми халқу миллатҳои мамлакат истифода намояд, на ба манфиати гурӯҳи муайяни роҳбарон ва ҳокимиятдорон. Маданияти баланди миллии сиёсиро метавон дар мазмуну мундариҷаи барномаҳои ҳукуматӣ, китобу мақолаҳо ва илму маориф дид, ки манфиатҳои миллиро пурра ҳимоя намоянд. Аммо як нуктаро бояд таъкид сохт, ки ин роҳро роҳбар набояд ба миллатгароӣ ва ё маҳалгароӣ мубаддал гардонад, ки натиҷаи хуб надорад ва ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990-1992-юм, ки чунин асос доштанд, барои даҳҳо ҳазор насли тоҷикон кифоя мебошад. Ҳар як миллат дорои ҳудуди иҷтимоӣ ва таърихии хеш мебошад ва албатта, ба гурӯҳе ва ё миллате манфиатҳои якхелаи территориявию меросӣ ва ё захиравӣ насиб гаштааст, аммо новобаста аз он ки дар ин мамлакатҳо халқҳои гуногун зиндагонӣ ва кору фаъолият менамоянд, муноқишаи байнимиллӣ вуҷуд дорад ва ин муносибатҳо маданияти менеҷменти замонавиро мураккабу мушкил гардонистааст. Махсусан, дар байни давлатҳои Шарқ ин муаммо хеле мушкилу мураккаб мебошад. Бинобар ин, олимону донишмандони соҳаи маданиятшиносии миллатҳои гуногуни дунё оид ба маданиятшиносии баланди иҷтимоӣ асарҳо эҷод намуда, мардумро ба арзишҳои баланди муносибатҳои байналмилалӣ даъват намуда, ягонагии маданияти «Мутамаддин» ё «Универсалӣ»-ро қабул доранд.

Тамаддун ҳамчун шакли олии маданият хусусиятҳои зеринро дорад:

  1. Дар асоси алоқаҳои маданияти иҷтимоии гурӯҳи алоҳида ва ё халқу миллатҳое, ки ягонагии иҷтимоӣ доранд, ба вуҷуд омадааст.
  2. Умумӣ ва ё универсалии маданият яке аз зинаҳои аввали тамаддун буда, ҷомеа имкон меёбад, ки монеаҳои мадании худро бартараф намояд.
  3. Ташкили ҷамъияти дорои хусусиятҳои ягона вақти тӯлониро гирифта, ҷараёни хеле мураккабе мебошад, ки зинаи баланди донишу маънавиётро талаб менамояд.
  4. Ҳолати миёнаи босуботи маданӣ қабул карда мешавад, ки қариб барои аксарият қобили қабул аст.
пешина
аз 463
навбатӣ