Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
гувоҳи он аст, ки маданият асосан мақоми муттаҳидшавӣ ва ташаккулёбиро бозида, дар ҳама давру замон нигоҳ доштани меъёрҳо ва арзишҳои баланди худшиносии башариро талаб менамояд. Аз тарафи дигар, ин ба талаботи худшиносии роҳбарӣ дар менеҷмент мувофиқ буда, моро вазифадор месозад, ки чунин қоидаро самаранок истифода бурда, рушди босуботи менеҷментро дар шароити рақобати мураккаби бозорӣ нигоҳ дошта тавонем.
Раванди дигари нигоҳдорӣ ва муттаҳидсозии гуногуншаклии маданият дар менеҷмент роҳи инкишофи коммуникативии ягонагӣ мебошад. Аз байн рафтани маҳдудиятҳои марзии ахборию географию тиҷоратию технологию хоҷагидорӣ моро вазифадор менамоянд, ки усули коммуникатсионии ташаккули маданияти корпоративии корхонаро мустаҳкам намуда, меъёрҳои умумибашарие ворид созем, ки самаранокии кори менеҷментро таъмин карда тавонанд. Ин яке аз роҳҳои гузаштани монеаҳои гуногунмиллатии менеҷмент ва маҳдудиятҳои дохилӣ
— рӯҳии кормандони муқимӣ ва ба тозагӣ омадани менеҷмент мебошад. Дар ин ҳолат масоили аввал забондонӣ буда, нозукиҳои ҳалли худро доранд. Дуввум, ин мувофиқкунонии зинаи маълумотнокии кормандон мебошад. Албатта, новобаста ба дигар нишонаҳои миллию халқӣ, зинаи донишҳои касбӣ ва ҷаҳонбинии кормандон ва махсусан, роҳбарони зинаҳои гуногуни идорӣ бояд ба талаботи замон ва инкишофи менеҷменти корхона ҷавобгӯ бошанд. Хусусияти макромуҳити маданияти миллӣ низ чунин талаботҳои касбӣ ва иҷтимоиро ба худ доро мебошад.
Унсури дигари маданияти миллӣ таърихи инсонӣ буда, вақт асосан
доимият ва одати меъёрҳою арзишҳоро муайян сохта, чизи заруриро ҷудо
карда, нолозимаро қабул надорад. Бинобар ин, маданияти миллӣ ҳодисаҳои
гуногуни таърихии инкишоф ва таназзулро дар бар гирифта, ҳатто хунрезию
ғоратгариҳои маданияти миллиро пурра дар ёд доранд. Мо қисме аз ин
ҳодисаҳои муҳими таърихии маданияти миллати тоҷикро дар боби 43 — юми
ҳамин китоб овардаем, ки гувоҳи ҳақанд. Аз тарафи дигар, он ҳодисаҳои
таърихӣ барои мо дарси адаб буда, моро водор месозад, ки то қувват дар бадан
дорем, арзишҳои миллиро қадр карда, онҳоро инкишофу ташаккул диҳем ва
мавқеи миллии худро дар менеҷменти байналхалқӣ пурзӯр намуда, устувории
миллиро нигоҳ дорем. Албатта, ин аз доираи маданияти иҷтимоии менеҷмент

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё