Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

53.5. Гуногуншаклии маданияти менеҷменти муосир ва
равандҳои инкишофи он

Гуногуншаклии маданияти менеҷменти муосир имкон фароҳам овардааст, ки имрӯз омилҳои маданӣ дар ҳама ҷабҳаҳои фаъолияти менеҷмент фаъолона иштирок намуда, на танҳо қисми таркибии истеҳсолоти корхона гардидааст, балки тамоми паҳлӯҳои иҷтимоии корхонаро дар бар мегирад.

Дар аксари корхонаҳо ва корпорацияҳои байналхалқӣ аллакай маданият ба истеҳсолот таъсири васеъ расонида, номи «истеҳсолоти маданӣ» ё «этикаи хоҷагидорӣ ва ё соҳибкорӣ»-ро соҳиб гаштааст.

Дар тамоми давру замон таъсири маданият ва маданиятшиносӣ ду ҷараёнро дар бар мегирифт, ки яке ҷараёни иҷтимоӣ дошта, номи маданияти миллӣ ва дигаре ҷараёни синфӣ дошта, ба манфиати гурӯҳи алоҳидаи ҷомеа равона гардидааст. Яке ба инкишофи миллӣ ва дигаре ба инкишофи иҷтимоии гурӯҳи синфӣ вобаста буда, дар аксар ҳолатҳо якдигарро пурра менамояд, новобаста аз он, ки манфиатҳои синфӣ баъзе маврид ба манфиатҳои кулли мардум зиддият ҳам доранд. Маданияти миллӣ бошад хусусияти хоси иҷтимоии аксари ҷомеаро дар бар мегирад.

Хусусияти хоси ташаккули маданият, якрангӣ ва гуногуншаклии он ба форматсияҳои иқтисодӣ мувофиқ буда, инъикоси манфиатҳои мадании синфӣ асоси ин ҷомеаро ташкил медиҳад. Аз ин хотир, маданият ҳамчун функцияи базисии ин ҷомеа, чунончи тақсимоти марксистии форматсияҳоро мо медонем; аз ҷумлаи обшинаи ибтидоӣ, ҷамъияти ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталистий, сотсиалистӣ хизмат менамояд. Инчунин, дар ин форматсияҳои ҷамъиятӣ зермаданиятҳо низ ҷудо карда мешаванд. Аммо дар фаҳмиши фалсафин маданият то ҳол дар ҷаҳон ду ҷараёни бо ҳам зид амал мекунанд, ки яке материалистӣ ва дигаре идеалистӣ мебошад.

Худи инкишофи маданиро бошад, муборизаҳои синфӣ барои таъмини
талаботҳои мадании инкишофи аксарияти мардум ташкил медоданд. Масалан,
таърихи инкишофи маданияти Ғарб муборизаи «маданияти қафомондаи феодалӣ
ба пешқадами демократӣ» ва баъдан «буржуазӣ ба демократӣ» мебошад. Бояд

пешина
аз 463
навбатӣ