Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
кумитаи ноҳиявии ҳизб) воситаи шӯъбаҳои ташвиқ ва тарғиби ҳизбӣ қарор гирифта буд.
Баъд аз барҳам хӯрдани Иттифоқи Шӯравӣ мақоми давлат дар ташаккули маданият ва инкишофи маданӣ суст гардида, ҳар як ҷумҳурии соҳибистиқлол бо назардошти хусусияти миллии худ ин масоилро ҳаллу фасл намуданд. Дар натиҷа, ҷомеаро фикрҳои мухталиф фаро гирифта, баъзе аз олимон тарафдори ақидаи танзими давлатии инкишофи мадании ҷомеа буда, баъзе дигар дар ақидаи дахолатнопазирии давлат ба ин раванд мебошанд. Мо дар ақидаи он мебошем, ки функцияи асосиро бояд давлат ба ӯҳда дошта, менеҷменти ташкилот барои ташкили муҳити мусоиди иҷрои пурраи меъёрҳо ва арзишҳои мадании мамлакат шароит муҳайё сохта, онро дар баробари дигар вазифаҳои роҳбарии худ донанд ва бо ташкили шӯъбаи махсус маданияти корпоративиро дар корхона ривоҷу равнақ диҳанд.
Инчунин, дар аксари мамолики дунё ин функцияро ташкилотҳои ғайридавлатию ҷамъиятӣ ва дигар мақомоти ҳимояи ҳуқуқи башар ба дӯш доранд, ки барои Тоҷикистон низ мувофиқ мебошад.
Нуктаи муҳиме бояд таъкид карда шавад, ки дар шароити паст будани сатҳи инкишофи иқтисодии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода, комёбиҳои маданӣ ва ёдгориҳои таърихии маданият ашёи хариду фурӯш қарор мегирад.
Аксар маврид одамони дорои қобилияти баланди эҷодӣ, ки қисми таркибӣ ва манбаи инкишофдиҳандаи маданияти миллӣ мебошанд, аз тарафи давлатҳои хориҷӣ харидорӣ ва аз мамлакат берун бароварда мешаванд. Ин албатта, ба сустшавии инкишофи маданияту иқтисодии мамлакат таъсири худро мерасонад.
Донишманд, олим, санъаткор, ҳунарманд, наққош бо истеҳсоли маҳсулоти мадании пешқадам метавонад талаботи миллионҳо одамонро қаноатманд кунонад ва арзиши бепоён дошта бошад, ки ин боигарии миллӣ мебошад. Бинобар ин, чунончи донишмандону эҷодкоронро вобаста аз соҳибкорону тоҷирон ва ё зери танқиди сиёсатмадорон гузоштан, шикасти ҳокимиятдории миллӣ ва инкишофи сусти маданияти сиёсатмадору роҳбарони зинаҳои гуногун мебошад.
Бинобар ин, дар хештаншиносии роҳбарӣ эҳтиром, нигоҳдорӣ ва
дастгирию ташаккули молӣ-мадании донишмандону олимон, вазифаи муқаддаси
ҳар як роҳбар ҳисоб меёбад. Таърих ва зиндагиномаи аксари мутафаккирони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё