АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Дар болои купруки Душанбе ҳарду истоданд ва ба девори эҳтиётии паҳлуи купрук такя карда ба туғёни дарё гўш доданд. Ўроз охирон қатраҳои коняки дар шиша бударо ба гулў рехта, шишаро оҳиста сар дод.
Дар гирду атроф касе набуд. Хушбахтона ва ё бадбахтона дар ин лаҳза автомашинае ҳам ба назар намерасид. Ўроз бо диққат аз қафои шишаи сардодааш менигарист. Умуман, дар торикӣ ба куҷо афтидани шишаи холиро надид. Дар ин ҳолат Ҷамол бо як чолокӣ хам шуда, аз миён поёнтари Ўроз бардошта, ўро ба дарё партофт. Вай бо тамоми овозаш дод зад, вале садои дарё овозашро пахш карда дар лаҳзае ўро ба комаш фурў бурд…
– Хайрият, ки халос шудам. Сагро марги сагона – гўён Ҷамол аз болои купурук гузашта ба тарафи хонааш равон шуд.
Вақте ки ба хона омад, ақрабаки соат дақиқаҳои аввали оғози соати рўзи навро нишон медод…
… 20 …
– Алло, гўш мекунам.
– Ман Зулхумор.
– Кадом Зулхумор?
– Эшонова.
– Чаро Шумо наомадед? Ё мехоҳед, ки дар асоси қонун ман шуморо маҷбуран ба милиса биёрам.
– Бубахшед, ки ман омада наметавонам, бовар кунед саломатиам хуб нест ва чун худамро каме беҳтар ҳис намоям, ҳатман меоям.
– Афсўс, ки ман интизор шуда наметавонам ва модоме шумо омада наметавонед, ман маҷбурам, ки баъди нисфирўзӣ ба айёдати шумо биёям.
– Не лозим нест, то фардо ба ман муҳлат диҳед.
– Ман розӣ.
– Хуш бошед, – гуён Зулхумор гўшакро ба ҷояш гузошт. Ў пеши оинаи барқад рафт ва ба симои хеш нигарист. Кабудии таги чашмашро дида, воқеаи дишабаро бори дигар ба ёд овард…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё