Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Фиребгариро.
– Гумон дорӣ, ки туро фиреб медиҳам?
– Ба фикрам ҳамин хел аст, – канда – канда гуфт Ўроз.
Ў фаҳмид, ки мусоҳибаш беҳад маст аст, гуфт:
– Камтар нўшидан лозим.
– Нўшида бошам бо пули худам нўшидам.
– Хайр, шуд, биё рафтем.
– Ба куҷо?
– Ба хонаи ман.
– Нўшидан дорӣ?
– Хонаи гург беустухон намешавад ва агар бовар накунӣ, ана, бин гўён ў шишаи конякро аз киссаи борониаш баровард.
– Шояд ҳамин ҷо каме ғубори дилро барорем.
– Агар хоҳӣ, марҳамат,– гўён ў шишаро ба дасти Ўроз дода илова намуд:
– Ман наменўшам.
– Ман бошам менўшам, – гуфт Ўроз ва шишаро кушода чанд култ дар ҳалқаш рехт.
– Хайр, шуд, биё рафтем.
– Ҷамол– ака, ин шишаро ман то хонаатон менўшам, дар он ҷо дигар ҳаст?
– Нўши ҷон шавад, гуфтам– ку хонаи гург бе устухон нест.
Дар истигоҳ касе набуд ва аҳён – аҳён гузаштани автомашинаҳо дили Ҷамол Давроновро шод кард. Ўро чӣ фикре ба сараш заду ба Ўроз гуфт, ки биё рафтем.
– То ман ин шишаро холӣ накунам ба ягон ҷо намеравам.
– Гуфтам– ку нўши ҷон шавад. Ҳа, дар воқеъ бало пирӣ шавад, қариб фаромўш карда будам, ана, ин газакаш, – гўён ў шоколади дар киссааш бударо ки ҳамроҳи коняк аз мағозаи сари роҳ ҳангоми ба ин ҷо омадан гирифта буд, ба дасти Ўроз дод.
– О, Ҷамол– ака чаро шуморо ба кори дипломатӣ нагирифтанд, ман ҳайрон. То ба ин ҷо омадан, гумон доштам, ки бо шумо даст ба гиребон мешавам, вале тарзе ором кардед, ки худам ҳам нафаҳмидам.
– Инро интизор набудам. Хайр, биё рафтем.
Онҳо аз истгоҳ ба тарафи ҷануб ҳаракат карданд. Ўроз раҳораҳ конякро нўши ҷон карда, аз шамоли серуни баҳорӣ ҳаловат мебурд.

пешина
аз 416
навбатӣ