АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Баъди соатҳои чор бобоят куҷо шуд?
– Ба завод ба ҷойи корашон рафтанд.
– Соати чанд шумо касал шудед?
– Соатҳои дувоздаҳи шаб яку якбора касал шудам ва бибиам ба воситаи телефон бобоямро ҷеғ зад ва ў омада се– чор соат ҳамроҳи ман монд.
– Ҳамин гапҳоро дар рў ба рўйи бобоят гуфта метавонӣ?
– Чӣ ўро ҳам ҷавобгар мекунед?
– Намедонам, вале маҳз аз хунукназарии ў шуда, кассаи заводро ғорат кардаанд.
– Пас ин ҷо Камол чӣ дахл дорад?
– Яку якбора хуруҷ гирифтани касалии шумо ин хоҳиши бевоситаи Камол буд, вагарна чӣ хел шумо бо дарди сахт ба духтур не, балки ба бобоятон муроҷиат кардед? Ин ҳамааш саҳнаи пешаки тайёр кардаи худи шумо буд ва бо ҳар роҳ худи мўйсафедро, ки аз мақсадҳои нопокатон огоҳ набуд, то ҳамон вақт дар хона роҳ гирифтед?
Қиёфаи то ин лаҳза бепарвои духтар яку якбора тағир ёфт.
Албатта барои ин дигаргуниро дар чеҳраи Дилором мушоҳида кардан рўҳшинос будан лозим набуд ва лейтенанти милиса Абдумаҷидов ба Шафоатова имконияти андеша намудан надода гуфт.
– Тақдири минбаъдаи шумо танҳо ба худатон вобаста аст?
– Чӣ хел?
– Ё худи ҳозир сабаби яку якбора касалшавиатонро қоил шуда, гуноҳро аз гарданатон дур мекунед ва ё мо дуруғ будани касалии шуморо исбот намуда, ҳамчун иштирокчӣ дар ин ҷинояти вазнин шуморо ба ҷавобгарӣ мекашем.
– Охир дар ин ҷо ман гуноҳе надорам ва ҳатто аз хона набаромадаам.
– Ба тафсил ҳамаашро нақл кунед!
Дилором сар ба зер афканда, хело хомўш монд, лаҳзаҳои шиносоиашро бо Камол пеши назар овард. Аз он, ки Камол ба хонаи онҳо хостгор фиристодааст ин танҳо аз рўйи маҷбурият аст ва худо медонад, ки оқибати чунин издивоҷи маҷбуӣ чӣ мешавад? Ба зами ин барои ў шуда дар маҳбас нишастан ҳам барои кас хуш нест. Хайр ҳарчи бодо бод «ростиро набувад ҳеҷ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо