Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ноҳияи Гулистон
Шуъбаи корҳои дохили
Ба муфаттиш Раҷабов С.

Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси дархости шумо аз 2. 01.
198… таҳти рақами 7) 364 – хабар медиҳад, ки рақам ва серияи купюрҳои даҳсўма, ки дар мактубатон омадааст рўзи 26 – январи соли равон ба бонки сохтмони ҷумҳурӣ дода шудаанд.
Раиси Бонки миллӣ Қавмиддинов. 2. 01. 198…
Муфаттиш аз натиҷаи мактуби Бонки миллӣ ба Абдумаҷидов хабар дод ва худи ҳамон лаҳза мактуби дигареро ба бонки сохтмони ҷумҳурӣ ирсол намуд. Ў мактубро ба котибот супорида худ ба утоқи кори Хайруллоев даромад.
Сардори бахши тафтишотӣ аз натиҷаи тафтиш норозигӣ баён намуда гуфт, ки прокурор ҳар лаҳза натиҷаи тафтишро мепурсад. Хайруллоев Раҷабовро ба коғазбозӣ ва Абдумаҷидовро ба гаштугузори беҳуда, аз рўйи бетаҷрибагӣ айбдор кард…
… 39 …

Шаҳло, ки ба омадани падару модараш ҳеҷ боварӣ надошт дар остонаи хонааш қадам мондани қиблагоҳашро дида каме ҳам бошад дилаш таскин ёфт. Дилором ҳатто ба пешвози бобою бибиаш ҳам набаромад. Мўйсафед баробари ба меҳмонхона ворид шуданаш фотеҳа хонда даст ба дуо бардошт ва танҳо пас аз ин аз духтараш пурсон шуд, ки сабаби ин ҷеғ задани фаврӣ дар чист?
– Имшаб қудоҳо меоянд,– гуфт Шаҳло, – дар ин кор ягона маслиҳат диҳандаи ман шумоед.
– Хостгорҳо ба талаби Дилафрўз меоянд? – пурсид мўйсафед.
– Не, ба талаби Дилором.
Ҳарчанд аз ин суханон таъби мўйсафед хира шуд, вале ба хотири духтараш, ки сарпарастии як хонадонро танҳо бар дўш дошт чизе нагуфт.
– Кани Дилором?– пурсид кампир аз духтараш.

пешина
аз 416
навбатӣ