Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Бисёр хуб аст, ки хаттои худро фаҳмидед ва акнун гўед, ки аз куҷо чунин миқдори пулро ёфтед. Шумо– ку дар ягон ҷо кор намекунед. Дониста монед, ки мо ҳамаи рақами пулҳои аз шумо гирифтаро барои он, ки аз рўйи серияю рақамашон дар муомилот набуданд, ба бонк фиристодем ва ба фикрам нисфирўзӣ Бонки миллӣ дар ин хусус ба мо маълумоти муфасале медиҳад. Вале то омадани ҷавоб аз бонки миллӣ шумо имконият доред, ки андаке ҳам бошад гуноҳи хешро сабук намоед?
– Ин пулҳоро ман қарз гирифтам?
– Барои ба тарабхона рафтан,– сахт карда гуфт Абдумаҷидов.
– Не, барои баъзе камбудиҳои рўзгорро ҷо ба ҷо кардан.
– Кай ва аз кӣ гирифтед?
Одилов лаҳзае сар ба зер афканд. Ў ҳамаи тарафҳои корро дар тарозуи ақл нияти баркашидан дошт, вале саволи навбатӣ ўро ба ин кор имконият надод…
– Аз Тўфон.
– Фамиляаш?
– Номаш Тўфон, фамилияашро намедонам.
– Тўфон ин номи падараш.
– Не, ин тахалусаш. Одамҳои ин замонро медонед– ку, бо як ном қаноат намекунанд ва барои худ ҳаргуна тахалус меҷўянд.
– Суроғааш?
– Суроғаашро ҳам намедонам.
– Агар суроғаашро надонед, пас чӣ хел қарз гирифтед?
– Ўдар пеши Боғи Ғалаба ба ман қарз дод.
– Гўш кун рафиқ Одилов, ин ҳилатҳоятро ба ягон вақти дигар мон. Соате пас мо аз сарчашмаи пулҳои дар дастат афтода огоҳ хоҳем шуд. Аз баски дар рўзҳои наздик танҳо як дуздии калон ба қайд гирифта шудааст, ман гумон мекунам, ки он бе тарҳрезии шумо нагузаштааст.
– Чӣ ҳамаи ҷиноятҳои нокушодаи милисаро ба гардани ман бор карданиед?
– Хамаашро ку– не, лекин ҳаминашро …
– Чаро суханатонро то охир нагуфтед?

пешина
аз 416
навбатӣ