Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд онҳо Одиловро акнун танҳо гузоштани буданд, вале Хоҷаев амр намуд, ки гурўҳҳо якҷоя ба автомашина шинонанд… Хоҷаев бо Рустам Одинаев хайрухуш карда гуфт, ки фардо худаш омада Рустамро ба хонааш мебарад ва ҳамроҳи гурўҳи Одилов ба автомашина нишаст.
Ҳангоми гузаронидани кофтукови шахсӣ аз қиссаи Одилов дуюним ҳазор сўм ва аз қиссаи рафиқаш, ки худро Ҷонибеков Руслан муаррифӣ кард, ҳафт ҳазор сўм ёфт шуд. Ба воситаи бюрои адресҳои ВКД шахсияти Ҷонибеков Руслан муайян карда шуд. Аз маркази информатсионӣ хабар доданд, ШКД, шаҳри Қайроқум се моҳ боз Ҷонибековро барои дуздӣ ҷустуҷў дорад… Маркази информатсионӣ хабар дод, ки Ҷонибековро фавран ба ҳабс гиранд, чунки дар ин бора «Розигии прокурории шаҳри Қайроқум гирифта шудааст. Дар вақте ки навбатдор Бутаков шахсияти Ҷонибековро муайян мекард, нозири минтақавӣ капитани милиса Хоҷаев бо Одилов ва дўстонаш дар утоқи кории сариинспектори профилактика, ки дар як вақт утоқи кории нозироти минтақавӣ низ ҳисоб мешуд, суҳбати «дўстона» гузаронда, нақши ангуштони онҳоро ба дактилокарта гирифт…
Субҳи рўзи дуюми соли навро ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ аз пурсиши Одилов сар кард. Ҳарчанд лейтенанти милиса Абдумаҷидов мефаҳмид, ки Одилов шахсан дар дўздӣ иштирок накардааст. Чунки нақши ангуштони шахси як бор дар маҳбас буда, чун бозёфти нодире дар ин бойгони ВКД нигоҳ дошта мешавад ва маҳз нақши дастони Одилов дар ин бойгонӣ ёфт нашуд, вале пурсишро аз ҳамин марди «кордида»
сар кард. Аз лаҳзаҳои аввали суҳбат Одилов ба хулосае омад, кӣ бо кӣ кор дорад ва умедашро аз «таҷрибаи кориаш» канд.
Усмон Одилов аслан аз вайрон кардани қоидаи ҳуқуқи маъмурӣ боке надошт. Ин якумин бор буд, ки ў қоидаи мазкурро вайрон кард ва барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданаш боз ду маротиба бояд бар хилофи ҳамин маҳдудиятҳо қадам мезад. Ў аслан аз дигар тарафи масъала метарсид.
Ин ҳам бошад аз киссааш ёфтани дуюним ҳазор сўм буд. Ў вохўрии дирўзаашро бо Руслан Ҷонибеков ба ёд оварда, ба беақли хеш ҳазорон бор нафрат хонд. Дирўз бегоҳӣ нохост дар кўчаи Комсомол бо рафиқи деринааш Руслан рў ба рў омад.

пешина
аз 416
навбатӣ