АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Не, намешиносам.
– Хайр, биёед рафтем, хайрият омадед вагарна барф мебориду соли навро дар фурудгоҳи Ленинобод мегузарондед.
– Чӣ хуб, ки пеш аз барф расидем, ана бин аллакай нишонаҳои аввалинаш ба замин расиданд, – гуфт ва ҳарду ба шуъбаи бағоҷҳо рафтанд…
Вақте, ки ба хона омаданд, аллакай барф заминро сафед карда буд. Шаб дар сари дастурхони солинавӣ Камол аз воқеаҳои ба сараш омада нақл кард.
– Дар ин кор бачам худат гунаҳкор,– ниҳоят сар бардошта гуфт модар. – Агар дар вақташ калидҳои сефро намедуздидӣ имрўз осуда нафас мегирифтем. Набераи мўйсафедро ҳам худат бо дом кашидӣ, ана оқибаташ…
– Оча охир дигар аз ин баҳси мо суде нест, агар чорае наҷўед ў маро ба маҳкама мекашад.
– Кӣ?
– Дилором.
Фаришта албата барои аз вазъият баровардани ҷигарбандаш ба ҳама гуна «қурбонӣ» тайёр буд. Ў розӣ буд, ки Дилоромро келин кунад, вале аз як чиз хавф дошт: – Оё Мадалиев, ки аз ҳама беш аз зиндагии Фаришта огоҳ буд ба ин кор розӣ мешуда бошад?
– Ягон илоҷашро меёбем,– гуфт модар…
– Оча.
– Лабай.
– Ишқ чист?
– Ин тудаи коҳ аст.
– Дил чӣ?
– Ин пораи оташ.
Аз саволҳои Камол модар ба хулосае омад, ки байни писарашу Дилором алакай «сухтор» ба амал омадааст.
… 34 …
Ба фоли неки сол, ки заминро чун пойандоз сафед карда буд, нигоҳ накарда баробари торикшави дили духтар сиёҳ гашт…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо