Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Дар он тарафи роҳ, дар рў ба рўйи комбинати шумо ў ягон шинос дошт?
– Намедонам.
– Дар бораи Каромат Зубайдов чӣ гуфта метавонед?
– Ў ба нохуни пойи Замира намеарзад.
– Далел?
– Ягона камбудии худораҳматӣ дар он буд, ки фарзанд надошт, вале оиларо муқаддас медонист. Ҳамсараш бошад, баръакс пойбанди кадом бевае гашта, дар давоми ҳафта ду– се рўз ба хона меомадааст.
– Инро шумо аз куҷо фаҳмидед?
– Замира рози дил мекард.
– Ў дар ин бора бо шавҳараш ҷанҷол мекард?
– Не, мегуфт, ки агар Каромат бахташро аз дигар зан ҳам ёбад ў розӣ аст…Хоҳиш мекунам бигўед, ки ба Замира чӣ шуд.
– Ҷасади Замираро дар қарибиҳои роҳи оҳан дар наздикии Ипподром ёфтанд. Ўро соатҳои панҷи субҳи 25– феврал дар ҳамон ҷо ба қатл расонидаанд. Дар ҳамон маҳал пайдошавии ў дар чунин субҳ барои мо як муаммоест.
Ҷавонзан хеле ба андеша фурў рафта, ниҳоят сар бардошта гуфт.
– Ҳеҷ чизро намефаҳмам, барои ман ҳам ин воқеа муаммо аст.
– Агар рафту ягон чиз ба ёд биёред ҳатман ба мо занг занед, – гўён Акбаршоҳ рақами телефонашро навишта ба дасти Зебо дод…
… 10 …

Модар ҳар қадами духтарашро акнун зери назорат гирифта буд. Ў ҳатто телефонро канда гирифт. Ба қавле духтарашро ҳабси хонагӣ кард. Аз байн се рўз гузашт, вале модар аз райъаш гаштанӣ набуд…
Рўзи чорум баъди тановули пагоҳирўзӣ вақте ки падар ба кор рафт, Зулхумор ба хулосае омад, ки модараш сирри ўро ба падар ошкор накардааст. Ў дастурхонро ҷамъ карда ба модар, ки ҳанўз сари дастурхон дар андеша меистод, муроҷиат кард:
– Оча! Аз ин ки маро ҳабс кардаед ва ҳатто телефонро канда гирифтаед фоидае нест.

пешина
аз 416
навбатӣ