АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Имконияташ нест.
– Чи хел?
– Чунки Замира Аскаровна дар қайди ҳаёт нестанд.
– Чӣ гуфтед?
– Он чи ки шунидед.
Кабинетро хомўшӣ фаро гирифт. Ашк дар чашмони ҷавонзан ҳалқа зад…
– Ана, гап дар куҷо будааст, – гулу афшонда гуфт Зебо.
Ҳайф, сад ҳайф…
Акбаршоҳ ҳарчанд ба кадом мақсад гуфтани ин суханро нафаҳмид, вале чизе ҳам дар ин бора напурсид. Пас аз чанд дақиқа боз савол дод.
– Дар бораи ангуштарини харидааш шавҳараш медонист?
– Намедонам. Ў гуфт, ки ҳамагӣ соате пештар ангуштаринро гирифтааст ва то ҳанўз пули онро пардохт накардааст.
– Чаро?
– Ба фикрам ангуштаринро аз ягон шахси шиносаш гирифта буд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки худораҳматӣ дар байни шахсоне ки ба асбобҳои қиматбаҳо ва антиқа сару кор доштанд, ёру дўстони зиёде дошт. Гуфт ки барои ангуштарин сесад доллар ба амонат гузошта аст ва баъди экспертиза бақияи пулашро медиҳад.
– Чӣ хел экспертиза?
– Гўё ки намедонед?
– Ба ҳар ҳол?
– Ў бояд ангуштаринро ба ягон мутахассис нишон медод, то ба алмоси холис будаи он боварӣ ҳосил кунад.
– Чунин мутахасисро магар ёфтан осон аст?
– Гуфтам– ку, Замира дар ин ҷода навқадам набуд ва ба қавле мўйи сиёҳро дар ҳамин роҳ сафед карда.
– Оё гуфта метавонед, ба кӣ он рўз бояд ангуштаринро нишон медод?
– Боре бо чунин кор ман ҳамроҳи ў ба як хонае, ки дар рў ба рўйи бозори Роҳи абрешим аст рафтем. Он ҷо мўйсафеди озарие зиндагӣ мекард. Номаш ҳам аҷиб буд. Осмон Самад– оғлӣ. Ба фикрам ў мутахасиси соҳаи геология буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё