Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Хобатро ба об гўй. Дар он сурат ў ҳатман сиратро ошкор мекард.
– Пас чаро ин дафъа ба ягон ҷо арз накард?
– Ў ҳам он қадар гулу гумроҳ нест, ки ба пойи худ теша занад. Охир агар Кабиров ба ягон ҷо арз кунад, албатта худат ҳам хомўш намеистӣ ва чӣ тавр ба сари мансаб омадани вайро ошкор месозӣ.
– Ҳамин тавр мешуд?
– Ба фикрам рўзҳои ҳардуятон ба шумор мондааст ва он расм ҳар дуи шуморо ба маҳкама мекашад.
– Маро–ку мумкин, вале ўро барои чӣ?
– Сараввал ўро барои пинҳон кардани ҷиноят, охир чунин ҷиноятҳо вақту замону макон надоранд ва ба маҳкамаи олӣ кашидани ашхосе чун ту барои дигарон дарси ибрат хоҳад шуд.
Дуюм барои шантаж, ки маҳз бо ҳамин роҳ ғайриқонунӣ ба сари мансаб омад, охир ў на дониши мукаммал дошт ва на истеъдоди фавқуллода.
– Инаш дуруст.
– Медонӣ чароғ пеш аз мурданаш равшан мешавад ва акнун худат қазоват намо, ки нишони ин далерии ту чист?
– Чист?
– Гуфтам ку чароғ пеш аз хомўшшавӣ равшан мешавад ва ба фикрам туро ҳам тақдири чароғ интизор аст.
– Модоме, ки ў расмро ба ягон ҷо насупорад, чӣ тавр сирри ман ошкор мешавад?
– Шарқиён дар ақидае ҳастанд, ки аз мор морбача мерўяд, ба фикрам ба замми, ин ки худат чӣ қадар бедодгариҳо намуда хун рехтӣ он расми зормондаат кошки сари худатро мехўрд, риштаи зиндагии як духтараке ки аз сад гулаш як гулаш нашукуфта буд барканд…
– Хўрок тайёр гуфт Елена Александровна ва мўйсафед аз байни андешаҳои хеш берун шуда ба ошхона рафт.

… 41 …

Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ варақаи нишондоди
Малсаговаро ба даст гирифта ба он чашм дўхт.

пешина
аз 416
навбатӣ